МЕТА-, ОРТО-, ПАРА-, (мухтасар м-, о-, п-; аз юн. meta —баъди, байни; orthos — рост; рага — мутақобил), дар химия, ҳиссачаҳое, ки дар химияи органикӣ мавқеи ду ҷойнишини якхела ё гуногунро нисбат ба якдигар дар ҳалқаи бензол нишон медиҳад. Чунончи, дар метапайвастҳо ҷойнишинҳо мавқеи 1,3, дар орто-пайвастҳо —1,2, дар пара-пайвастҳо — 1,4-ро ишғол мекунанд, мас.:
Дар химияи ғайриорганикӣ бо ҳиссачаҳои мета ва орто-шакли кислотаҳое, ки миқдори гурӯҳи гидроксилашон гуногун аст, аз ҳам фарқ карда мешаванд (орто- миқдори зиёди он, мета-миқдори ками ОН), мас., кислотаҳои ортофосфат Н3РО4 ва метафосфат НРОа.