Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНДЕЛЕЕВ

МЕНДЕЛЕЕВ

mendeleevМЕНДЕЛЕЕВ Дмитрий Иванович (8. 2. 1834, Тобольск —2. 2. 1907, Петербург), химики рус, кошифи қонуни даврии элементҳои химиявӣ, олим, педагог ва ходими ҷамъиятӣ. Соли 1855 шӯъбаи табиатшиносии Институти педагогии Петербургро хатм кардааст. Соли 1856 дар Университети Петербург дисс. магистрӣ ҳимоя намуда, солҳои 1857 —58 дар худи ҳамин ҷо аз химияи органикӣ дарс гуфтааст. Менделеев солҳои 1859—61 ба Гейдельберг рафта, дар лабораторияи Р. Бунзен кор кард. Соли 1861 китоби дарсии «Химияи органикӣ»-ро нашр намуд, ки сазовори Мукофоти ба номи Демидови АФ Петербург гардид.

Менделеев солҳои 1864—66 профессори Институти технологии Петербург буд. Соли 1865 дар мавзӯи «Омехташавии спирт ва об» дисс, докторӣ ҳимоя намуд ва ҳомон сол профессори Университети Петербург таъин шуд. Менделеев аз соли 1876 аъзо-корр. АФ Петербург, солҳои 1890—95 мушовири лабораторияи илмию техникии Вазорати баҳрӣ, аз соли 1892 корманди Умури вазн ва ҷозиба буд. Соли 1893 Палатаи калони вазн ва ҷозиба (ҳоло Институти тадқиқоти илмии метрологияи ба номи Д. И. Менделеев)-ро ташкил намуд ва то охири умр роҳбари он буд. М. доир ба масъалаҳои асосии химия, технологияи химиявӣ, физика, метрология, хавопаймоӣ, метеорология, хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёт, маорифи халқ ва ғ. зиёда аз 500 асар эҷод кардааст. Вай ташкилкунандаи ҷамъияти химикҳои рус (ҳоло ҷамъияти умумииттифоқии химикҳо ба номи Д. И. Менделеев) мебошад. Менделеев соли 1869 пас аз ҷустуҷӯиҳои зиёди илмӣ қонуни даврии элементҳои химиявиро кашф намуд (ниг. Қонуни даврии Менделеев). Менделеев дар «Асосҳои химия»-и худ химияи ғайриорганикиро аз нуқтаи назари қонуни даврӣ баён намуд. Менделеев дар асоси таълимот дар бораи таъсири мутақобили ҳалкунанда ва моддаи ҳалшаванда назарияи химиявии ҳалкунандаҳо (назарияи гидратӣ)-ро таҳия кард. Солҳои 1860—61 вуҷуд доштани бо ном «ҳарорати мутлақи ҷӯши моеъ»-ро тахмин кард, сонитар онро ҳарорати бӯҳронӣ мегуфтагӣ шуданд. Соли 1874 муодилаи ҳолатро барои як моль гази идеалӣ пешниҳод намуд. Дар соҳаи метрология низ ба қалами Менделеев як қатор тадқиқот мансуб аст. Чунончӣ, вай назарияи дақиқи тарозуро таҳия намуда, тарзу услуби аниқи баркашиданро кор карда баромадааст. Соли 1888 назарияи газификацияи зеризаминии ангиштсангро кашф кард. Соли 1890 хели нави борути сиёҳро ҳосил намуд ва соли 1892 истеҳсоли онро ба роҳ монд.

Менделеев аз рӯи ақидаҳои фалсафиаш материалисти стихиявист. Ӯ объективӣ будани қонунҳои табиат, донисташавандагии онҳо, зарурияти ба манфиати инсоният истифода бурдани ин қонунҳоро таъкид мекард. Менделеев ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш дар бисьёр мамлакатҳо маълуму машҳур шуда, ба бештар аз 130 диплом ва унвонҳои фахрии академияҳо, ҷамъияти олимон ва донишкадаҳои олии русу хориҷӣ мушарраф гардида буд.

АФ СССР Мукофоти ба номи Д. И. Менделеевро таъсис кардааст, ки он барои корҳои беҳтарин дар соҳаи химия ва физика дода мешавад. Институти технологияи химияи Москва, Институти давлатии педагогии Тобольск, қаторакӯҳи зериобӣ дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, вулқони амалкунанда дар ҷазираи Кунашир (дар ҷаз-ҳои Курил), як минерал («менделеевит»), киштии тадқиқоти океанографияи АФ СССР номи Д. И. Менделеевро гирифтаанд. Дар СССР оид ба химияи умумӣ ва амалӣ Съездҳои менделеевӣ ва дар Ленинград ҳар сол (аз соли 1939 ин ҷониб) Хонишҳои Менделеевӣ гузаронида мешаванд. Дар бинои Университети давлатии Ленинград (собиқ хонаи М.) музей ва архиви Д. И. Менделеев ташкил карда шудааст. Соли 1955 олимони Америка (Г. Сиборг ва диг.) элементи 101-ро кашф намуда, ба шарафи Менделеев «менделевий» (Md) номиданд. Соли 1964 номи Менделеев дар қатори бузургтарин олимони ҷаҳон дар лавҳаи фахрии илмии Ун-ти Бриҷпорт (штати Коннектикут ШМА) навишта шуд.

Ас.: Соч., т. 1—25, М.—Л., 1934—1954; Избранные лекции по химии, М., 1968.

Г. П. Менглет дар ролҳо: Сергей («Леди Макбети уезди Мцеиский» аз рӯи повести Н. С. лесков); Махонии («Кафк»-и С. Михалков).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …