МЕНАСК (Menasce) Жан де (1902—1973), шарқшиноси франсавӣ. Шогирди Бенвенист. Аз соли 1939 то 1948 дар Швейцария зиндагӣ кардааст. Ба Франция баргашт ва дар Университети Сорбонна ба тадрис машғул гардид. Асарҳои зиёд доир ба катибаҳо ва осори хатти форсии миёна дорад. Муҳимтарин асари Менам-чао-прая «Китоби сеюми Динкард» (Париж, 1973) (ниг. «Динкард») аст, ки матну овонавишт (транскрипция) ва тафсироти муҳиммеро доир ба ин асари бузурги адабиёти паҳлавӣ дар бар мегирад. Менам-чао-прая инчунин муҳаққики оинҳои давраҳои қадим ва миёнаи эронӣ мебошад.
Ад.: Memorial lean de Menasce. Edlte par Ph. Gignoux et A. Tafazzoll. Imprime-rie orlentaliste. Louvain, 1974, А. Хромов.