Маълумоти охирин

МЕНАМ

menamМЕНАМ, пастие дар нимҷаз. Ҳиндухитой, дар Тайланд. Дар ҷои пастхамии тектоникии байни қисми марказии кӯҳҳои Ҳиндухитой ва пуштакӯҳи Корат воқеъ гаштааст. Тӯлаш қариб 500 км, бараш то 200 км, масоҳати Менам қариб 100 ҳазор км2. Пастӣ асосан аз ҷинсҳои обоварди д. Менам-Чао-Прая ва шохобҳои он Пинг, Пасак таркиб ёфтааст. Рельефаш дар Шим.— сертеппа, дар Ҷ.— Хайвори ботлоқзор. Иқлим субэкватории муссонӣ. Боришоти солона 1000—1300 мм. Дар Менам бешаҳои муссонӣ ва буттазорҳо, дар делтаи дарё бешаҳои дарахтони манго ва нахл мавҷуданд. Қисми зиёди майдонҳо шолизоранд (соле 3 маротиба ҳосил мегиранд). Аксари аҳолии Таиланд дар Менам зиндагӣ мекунад. Шаҳри Бангкок низ дар ҳамин ҷо воқеъ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …