Маълумоти охирин
Главная / Биология / МЕМБРАНАҲОИ БИОЛОГӢ

МЕМБРАНАҲОИ БИОЛОГӢ

membranahoi-biologiМЕМБРАНАҲОИ БИОЛОГӢ, пардаҳои ниҳоят тунукеро гӯянд, ки сатҳи ҳуҷайраҳои гуногун, зарраҳои субҳуҷайравӣ, инчунин каналӣ ва ҳубобчаҳои протоплазмаро мепӯшанд. Ғафсии Мембранаҳои биологӣ тақрибан 100 А аст. Мембранаҳои биологӣ дар натиҷаи полимеризации сафедаҳо ва липоидҳо ҳосил мешаванд. Ташаккули сохти Мембранаҳои биологӣ ба хосияти функционалии онҳо алоқаманд аст. Функцияи Мембранаҳои биологӣ аз танзими нақши ионҳо, қанд, аминокислота ва дигар маҳсулоти мубодилаи модда, ба инергияи химиявии кислотаи аденозинтрифосфат (АТФ) табдил додани энергияи равшанӣ, ба энергияи химиявии бандҳои фосфатии макроэргии молекулаи АТФ табдил додани энергияи оксидшавии биологӣ, генерацияи набзи асаб, таъмини бутунии морфологии ҳуҷайраҳо, устуворӣ ва қаишии онҳо, фагоцитоз ва ғ. иборат аст. Омӯзиши сохт ва функцияи Мембранаҳои биологӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини цитология ва биологияи молекулавӣ мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …