Маълумоти охирин

МЕЛИИ КИШТУДӢ

nophotoМЕЛИИ КИШТУДӢ (Meлибои Худойбердӣ; 1870, деҳаи Зериҳисори pайони Панҷакент — 1939, ҳамон ҷо)« шоири халқии тоҷик. Аз оилаи ус­тои иморатсоз. Асосан устои иморатсоз буда, деҳқонӣ ҳам мекард. Мелии Киштудӣ савод надошта бошад ҳам, ашъори Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Туғрал ва дигар шоиронро аз ёд медонист.

Аксари мақому оҳангҳои «Шашмақом»-ро бо дутор хуб адо мекард.

Мелии Киштудӣ аввалҳо дар пайравии ашъ­ори capoмаҳои шеър гуфта, баъдҳо ба равияи фольклор шеърҳои ҳаҷвӣ эҷод мекунад. Дар ашъораш нобаробариҳои иҷтимоӣ, симои манфури амалдорони подшоҳӣ ва зиндагии сахти кӯҳистониён дар шароити феодалӣ тасвир ёфтааст. Баъди Револютсияи Октябрь Мелии Киштудӣ дар васфи Ҳокимияти Советӣ, меҳнати озод ва сохти колхозӣ, дар ҳаҷву мазаммати унсурҳои бегонаи ҷамъиятӣ шеърҳо мегӯяд. Баъзе намунаҳои эҷодиёти шоир дар «Фольклори диёри Рӯдакӣ» (Д., 1958, 1963) ва «Фольклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (Д., 1960) ҷой дода шудаанд. Бисьёр иморатҳое, ки ӯ бо услуби нави меъморӣ бино кардааст, то имрӯз барҷоанд.

А. Афсаҳзод.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …