МЕЛЬЕ (Mealier) Жан (июни 1664, Мазерни — байни 28. 6. ва 6. 7. 1729, Этрепиньи), файласуфи материалист, атеист, коммунисти хаёлии франсавӣ. Писари бофандаи деҳотӣ. Бо хости падару модараш рӯҳонии деҳа шуд (аз 1689). Ягона асараш «Васият» (бори авв. пурра с. 1864 дар Амстердам чоп шуд)-ро чанде пеш аз вафоташ навишта тамом кард. Дар он Меле сохти мутлақияти феодалии Францияро ҳаматарафа ва сахт танқид кард. Ӯ зиддияти байни халқ ва «бузургони олам»-ро оштинопазир медонист, Ақидаеро дар бораи «ҳокими бомаърифат», ки ӯ гӯё дар хизмати ҷамъият аст, рад карда халқро ба революция даъват менамуд. Меле тарҳи ҷамъияти идеалии коммунистиро чунин тасвир кардааст: ҳамаи одамони як маҳал бояд дар як оила — ҷамоае муттаҳид шаванд, ки дар он моликият умумӣ буда, ҳама меҳнат мекунанд ва бо ҳам ёpy бародаранд; ҷамоаҳо бо мақсади ҳифзи амният ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҳам аҳду паймон мекунанд. Дар таълимоти Меле дин ҳаматарафа танқид шудааст. Меле ҳамчун маорифпарвар пайдоиши динро натиҷаи фиреби маҳз донистааст. Сарчашмаҳои назариявии материализми Меле атомистикаи атиқа ва физикаи Р. Декарт буданд. Меле азалияту абадияти материя ва ягонагии моддии оламро тасдиқ карда, метафизикаи Декарт, идеализми Н. Мальбранш ва фалсафаи динию идеалистиро танқид мекард. Ақидаҳои фалсафии Меле ба ташаккули ҷаҳонбинии материалистони асри 18 франсавӣ таъсири зиёд гузоштанд.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …