МЕҲНАТОБОД, деҳаест дар С. қ. Узуни р-ни Колхозобод, вил. Қӯрғонтеппа. Терр. к-зи ба номи К. Маркс. Аз деҳа то маркази С. қ. 4 км, то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 наф. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз д. Вахш обёрӣ мешаванд.