Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ КОНКРЕТӢ

МЕҲНАТИ КОНКРЕТӢ

mehnati-konkretiМЕҲНАТИ КОНКРЕТӢ, меҳнатест, ки дар шакли махсуси фоидабахш сарф мешавад ва арзиши истеъмолии молро ба вуҷуд меоварад. Меҳнати фоиданок (меҳнати дарздӯз, музадӯз, дуредгар ва ғ.), ки арзииш истеъмолии молро ба вуҷуд меоварад, Меҳнати конкректӣ аст. Дар хоҷагии молие, ки ба тарзи стихиявӣ тараққӣ мекунад, Меҳнати конкректӣ ба меҳнати абстрактӣ мухолиф аст. Характери ҷамъиятии он танҳо дар процесси мубодилаи мол, бо роҳи ба меҳнати абстрактии сифатан якхела гардондани навъҳои гуногуни Меҳнати конкректӣ ошкор мешавад. Ҷамъияти социалистӣ мувофиқи план процесси истеҳсолот ва тақсимоти меҳнатро дар байни соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ идора менамояд. Дар натиҷа дар хоҷагии социалистӣ байни Меҳнати конкректӣ ва меҳнати абстрактӣ зиддияти антагонистӣ ҷой надорад ва ин ду хели меҳнат ҳамчун ду шакли меҳнати ҷамъиятӣ амал мекунанд.

М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …