МЕҲНАТИ ИХТИСОСТАЛАБ, меҳнатест, ки барои иҷрои кори муайян тайёрии махсуси пешакӣ, малака, маҳорат ва дониш талаб мекунад. Меҳнати ихтисосталаб аз меҳнати беихтисос (оддӣ) бо мураккабии худ фарқ мекунад; як соати Меҳнати ихтисосталаб ба якчанд соати меҳнати оддӣ баробар аст. Аз ҳамин сабаб ба Меҳнати ихтисосталаб нисбат ба меҳнати беихтисос зиёдтар музд дода мешавад.