Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ МУҲИТИ ЯКЛУХТ

МЕХАНИКАИ МУҲИТИ ЯКЛУХТ

МЕХАНИКАИ МУҲИТИ ЯКЛУХТ, як фасли механика буда, ҳаракат ва ҳолати мувозинати газ, моеъ ва ҷисмҳои сахти деформацияшавандаро меомӯзад. М. м. я. аз қисмҳои зории иборат аст: гидроаэромеханика, динамикаи газ, назарияи эластикӣ, назарияи пластикӣ ва ғ. Дар М. м. я. сохти молекулавӣ ё атомии модда ба назар гирифта намешавад. Дар он модда чун муҳити бефосилаи яклухте дониста мешавад, ки ҳамаи хосиятҳои физикиаш (зичӣ, шиддат, суръати зарраҳо ва ғ.) дар муҳит бефосила тақсим шудаанд. Дурустии ин фарзия дар он аст, ки андозаҳои молекулаҳои муҳит назар ба андозаҳои зарраҳое, ки дар назария ва амалияи М. м. я. муоина мешаванд, хеле хурд мебошанд. Аз ин рӯ, дар М. м. я. аппарати математикаи олиро, ки барои функцияҳои бефосила таҳия шудааст, татбиқ кардан мумкин аст. М. м. я. барои тадқиқи муҳити дилхоҳ асосан аз: 1) муодилаҳои ҳаракат ё мувозпнати муҳит (ки чун натиҷаи қонунҳои асосии механика бармеоянд); 2) муодилаи бефосилагӣ (яклухтӣ)-и муҳит (ки натиҷаи қонуни бақои масса мебошад); 3) муодилаи энергия истифода мебарад. Хусусиятҳои ҳар як муҳити конкретиро бо муодилаҳои ҳолат ё бо муодилаҳое, ки барои вобастагии байни шиддат ва деформация дода мешаванд, аниқ кардан мумкин аст. Агар хосиятҳои муҳит ба ҳарорат, фишор ва дигар параметрҳои физикию химиявӣ вобаста бошанд, ин вобастагиҳо ба муодилаҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд. Бар замми ин барои ҳалли муодилаҳои ҳолати ҳар як муҳити алоҳида шартҳои канорӣ бояд гузошт, ки онҳо ба хусусиятҳои муҳит вобаста мебошанд. Натиҷаҳои М. м. я. дар соҳаҳои гуногуни физика ва техника ба кор меоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …