Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАЗОРИ ШАРИФ

МАЗОРИ ШАРИФ

МАЗОРИ ШАРИФ, шаҳр дар шимоли Афғонистон, дар воҳаи Балх. Маркази маъмурии вилояти Балх. Аҳолиаш беш аз 700 ҳазор нафар (2018) буда нисбати 1970-ум сол 10-маротиба зиёд шудааст. Муҳимтарин пункти тиҷорату нақлиёт. Мазори Шариф корхонаҳои пахтатозакунӣ, мошинсозӣ, коркарди металл, хӯрокворӣ (қанду шакар, ордкашӣ, равғанкашӣ), бофандагӣ (матоъҳои абрешимию пахтагин, колин ва ғ.), заводҳои хишт ва шиша дорад.

mazori-sharif

Бо ҳамкории CCСP дар Мазори Шариф заводи нуриҳои нитрогенӣ ва ГЭС сохта шуд. Дар ҷанубу ғарбтари шаҳр кони калонн сулфур ҳаст. Мувофиқи ривоятҳои исломӣ дар Мазори Шариф марқади халифа Алӣ нбни Абӯтолиб мавҷуд аст. Охири асри 15 дар болои мадфан мақбара сохта шуд, ки он ҷо зиёратгоҳи шиаҳо гардидааст. Мазори Шариф ном гирифтани шаҳр аз ҳамин ҷост.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …