Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мазҳарии Кашмарӣ

Мазҳарии Кашмарӣ

МАЗҲАРИИ КАШМИРӢ (соли таваллуд номаълум, Кашмир — вафоташ 1610, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Маълумоти ибтидоиро дар Кашмир гирифта, барои такмили дониш ба Ҳирот меояд ва бо шоирони ин ҷо — Ҳусайнӣ Саноӣ, Мирзоқулии Майлӣ, Валии Даштибаёзӣ ва Мираки Солеҳӣ ҳамсуҳбат шуда, ба маҳфилҳои адабӣ ҷалб мешавад. Баъдтар сафари Машҳаду Қазвин ва Исфаҳонро пеш мегирад. Дар Исфаҳон чанд муддат дар дарбори шоҳ Аббоси Сафавӣ хидмат кардааст.

Мазҳарии Кашмарӣ охир ба Ҳиндустон баргашта, ба хидмати Акбар (1556— 1605) дохил шуд. Баъди ба тасарруфи темуриёни Ҳинд даромадани Кашмир Мазҳарии Кашмирӣ ба вазифаи амирулбаҳрии Кашмир (аз мансабҳои муҳими он хитта) таъин мешавад. Вале дере нагузашта аз вазифа даст кашида, то охири умр ба кори эҷодӣ машғул мегардад. Аз Мазҳарии Кашмарӣ девони ғазалиёте боқист, ки аз 6000 байт иборат аст. Мазҳарии Кашмарӣ дар ғазалҳояш иллатҳои ҷамъиятиро фош ва шайхони риёкорро, ки дар ҳаёти иҷтимоии Ҳиндустон мавқеи намоён доштанд, сахт танқид кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …