Маълумоти охирин

Майман

МАЙМАН (Juncus) –  ҷинси растаниҳои бисёбрсола (баъзан яксолаи алафа), мансуби маймакиҳо. Гули дуҷинсаи сабатоби назарногир, ғӯзаи сепаллаи сертухм дорад. Зиёда аз 250 намуди Майман дар минтақаҳои мӯътадилу хунук, инчунин минтақаҳои баландкӯҳи тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудааст. Дар Осиё қариб 80 намудаш дар ботлоқзору марғзорҳои сернам, соҳили обанборҳо ва ғайра месабзад.

Майман

Дар Тоҷикистон 17 намуди Майман мерӯяд. Аз онҳо «J. Articulatua» ва» J. Dorardii» бел Майман бештар паҳн шудаанд. Бисьёр намудҳои Майманро чун хӯроки чорво истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …