Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАВЛОНОЗОДА

МАВЛОНОЗОДА

nophotoМАВЛОНОЗОДА (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши сарбадорон дар Самарқанд. Аз оилаи давлатманд. Дар давраи ҳуҷуми муғулҳо аз Ҳафтрӯд ба Осиёи Миёна (1365) омада, ӯ муллобачаи яке аз мадрасаҳои Самарқанд шуд ва дар байни мардум ҳамчун шахси ҷасур ном баровард. Баъди он ки амирони Мовароуннаҳр Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчик шикаст хӯрда, ба Балх гурехтанд, Мавлонзода бо ҳамроҳии Абӯбакри Каласӣ ва Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил кард ва дар он қобилияти ташкилотчигӣ ва сипаҳсолорӣ нишон дод. Баъди ғалаба бар муғулҳо Мавлонзода ва дигар роҳбарони шӯриш бо макру фиреб ба бошишгоҳи Ҳарбии Ҳусайн оварда шуданд. Хамса фони Мавлонзодаро ба қатл расонданд. Мавлонзода бо дахолати Темур аа март наҷот ёфт. Фаъолияти минбаъдаи ӯ маълум нест.

Ад.: Бартольд В. В.. Народное движение в Самарканде в 1365 г., Соч., т. 2, ч. 2, М.. 1964.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …