Маълумоти охирин

Малави

МАЛАВИ (Malawi), Ҷумҳурии Малави (Republicof Malauli), давлат дар Африкаи Марказӣ. Масоҳаташ 118,5 ҳазор километри мураббаъ. Аҳолиаш 17,82 миллион нафар (2015). Пойтахташ шаҳри Лилонгве (аҳолиаш 1,1 млн. нафар бо атрофаш) ва тулии 40 соли оҳир 10 маротиба афзудааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба се музофот (Шимолӣ, Ҷанубӣ, Марказӣ) тақсим мешавад, ки онҳо аз округҳо иборатанд.

Малави

Сохти давлатӣ. Малави— республика. Конституцияи ҷориаш 6 июли 1966 қабул шудааст. Сардори давлат — президент аст, ки якумрӣ интихоб мешавад. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ — 5 сол. Ба ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) президент сардорӣ мекунад.

Табиат. Масоҳати Малави паҳнкӯҳ буда, дар Ғарб ва Ҷануби кӯли Ньяса (Малави) ҷойгир аст. Баландиҳояш бештар (1000—1500 м). Нуқтаи баландтарин 2670 метр буда, дар пуштакӯҳи Ника воқеъ аст. Сарватҳои зеризаминиаш: ангиштсанг, маъдани оҳнӣ, боксит, реги монацитӣ. Иқлимаш экваториалии муссоинӣ, тобистон сербориш (декабр апрел), зимистон хушк. Ҳаpopаташ мабнаи моҳи гармтарин (ноябр) аз 20° то 27°, хунухтарин (июл) аз 14 то 19 Селсия аст. Боришоти солона дар пастхамиҳо 750—1000 милиметр, дар паҳнкӯҳҳо 1000—1500, дар минтақаҳои баланд 2000—2500 милиметр. Асоси шабакаи гидрографии Малаборо кӯли Ньяса ва дарёи Шире (шохоби Замбезӣ) ташкил медиҳанд. Дар Шимоли Малабо кӯли калони бастаи шӯртаъми Ширва воқеъ аст. Хокаш бештар кӯҳии сурх ва cypхи қаҳваранги латеритӣ. Ҷангалҳои тропикии хазонрез ва дар водиҳо ҷангалҳои галерей вомехӯранд. Дар минтақаҳои аз 1500 метр баланд чарогоҳҳо ҳастанд. Аз ҳайвонот фили африкоӣ, каркадан, чанд хел оҳу, шер, паланг, заррофа ва ғ. мавҷуданд, Кӯли Ньяса аз моҳӣ бой аст. Пашшаи цеце паҳн шудааст.

А ҳолӣ. Аҳолӣ асосан ба гурӯҳи шарқии банту забонхо тааллуқ дорад. Қисми асосии аҳоли малавиҳо (ньнча, ачева, тумбука ва ғ.). Зичии миёнаи ахолӣ дар 1 километри муррабаъ 39 нафар Беш аз нисфи аҳолӣ пайрави мазҳабҳои анъанавии маҳаллӣ буда, боқимондаи аҳолӣ насронӣ ва мусулмонанд. Забони расмӣ англисӣ ва чипянча. Шаҳрҳои калон; Лилонгве, Блаитайр-Лимбе, Зомба.  

Харитаи Малави

Маълумоти таърихӣ. Дар ҳудуди Малави аз замонҳои қадим қабилаҳои гурӯҳи бантузабон иқомат доштанд. Дар охири асри 15 дар ноҳияи кӯли Няса иттиҳодияи муваққатии қабилаҳои малавӣ ба вуҷуд омад. Солҳои 60 асри 19 ба ин сарзамин европоиҳо — англисҳо ва португалиҳо дохил шуданд. Барои ба даст овардани ҳудуди атрофи кӯли Ньяса байни Британияи Кабир, Германия ва Португалия мубориза мерафт. Дар ин мубориза Британияи Кабир ғолиб омад ва соли 1891 Нясаленд протекторати Англия эълон карда шуд. Мустамликадорон охири асри 19 муқобилияти аҳолии африкоиро пахш намуда, дар беҳтарин заминҳо хоҷагиҳои плантационӣ ташкил дода, аҳолиро бераҳмона истисмор мекарданд. Забти заминҳо, истисмори аҳолии маҳаллӣ, бори гарони андозҳо ба шӯриши калони соли 1915 таҳти сардории хатиб Ҷ. Чилембве оварда расонд, ки мустамликадорон онро бераҳмона пахш карданд. Дар деҳоти африкоӣ пойдор шудани муносибатҳои пулию молӣ боиси пайдоиши табақаи бои болоӣ гардид. Буржуазияи майда низ ба вуҷуд омад. Мардикорон торафт зиёд мешуданд. Соли 1944 партияи сиёсии Конгресси Миллии Африка (КМА) ташкил ёфт. Солҳои 1953—63 мамлакат дар ҳайати Федерациями Родезия ва Ньясаленд буд. Дар натиҷаи вусъат ёфтани ҳаракати миллӣ-озодихохӣ фаъолияти КМА манъ карда шуд ва дар заминаи он партияи нави сиёсӣ — Конгресси Малави (1959) ташкил шуд.

Аз соли 1900 байни аҳлии маҳаллӣ ва метрополия доир ба конституция гуфтушунид cap шуд. Дар соли 1963 Ньясаленд хунук пайдо кард, ки дар дохили мамлакат худро идора намояд. 6 июли 1964 Ньясаленд бо номи Малабо давлати мустақил ва аз 6 июли 1966 республика эълон шуд. Вобастагии иқтисодии Малабо аз Британияи Кабир ва дигар давлатҳои империалистӣ аз бисьёр ҷиҳат роҳи сиёсати хориҷии ҳукуматро муайян мекард. Малабо расман эълон карда буд, ки ба блокҳои ҳарбӣ ҳамроҳ намешавад ва бетараф аст, аммо дар Малбо РАҶ, Тайвань, Исроил ва Кореяи Ҷанубӣ муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорад. Муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиаш бо Родезияи Ҷанубӣ хеле мустаҳкам аст. Дар Африка яке аз мамлакатҳое буд, ки то барҳам хӯрдани режими фашистии Португалия бо он муносибатҳои дипломатӣ дошт. Малави пештара барин тарафдори алоқаҳои ҳаматарафа ва «гуфтушунид»-и мамлакатҳои мустақили Африка бо РАҶ ва Родезияи Ҷанубӣ мебошад. Ҳукумати Малави тартиботи нажодпарастонаи РАҶ ва сиёсати хориҷии Исроилро тарафдорӣ кард.

Ҳизби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба. Конгресси Малави, партияи ҳукумрон ва ягонаи мамлакат аст. Соли 1959 таъсис ёфтааст. Конгресси иттифоқҳои касабаи Малави, соли 1964 ташкил шудааст.

xaritai_malavi Иқтисодиёт. Малави мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи кишоварзӣ аст. Он конҳо, муассисаҳои саноатӣ ва плантасияҳои РАҶ ва Родезияи Ҷанубиро бо қувваи коргарии арзон таъмин мекунад. Ба ҳисоби миёна ҳар сол мамлакатро аҳолии мардина тарк менамояд. Сиёсати иқтисодии доираҳои ҳукмрони мамлакат ба ҷалб намудани капитали хориҷӣ ва тараққӣ додани сектори хусусӣ равона карда шудааст. Зироати асосии экспорт: тамоку, чой, қанд, арахис ва пахта. Зироати истеъмолиаш: ҷуворимакка, арзан, биринҷ, лубиёиҳо, маниок, картошка. Дар хоҷагии қишлоқ ду сектор — африкоӣ ва европоӣ вуҷуд дорад. Плантасияи калонтарини чой, тунг, каучук дар дасти мустамликадорони англис аст. Аз сабаби паҳн шудани пашшаи цеце чорводорӣ суст тараққӣ кардааст. Соли 1977 Малабо 728 ҳазор cap гов, 850 ҳазор cap гӯсфанду буз дошт. Асосан аз кӯлҳои Ньяса ва Ширва моҳӣ мегиранд. Саноати маъдан суст тараққӣ кардааст. Маъдани оҳан, боксит, ангиштсанг хеле кам истеҳсол мешавад.

Саноат якчанд муассисаи хурди коркарди маҳсулоти хоми хоҷагии қишлоқ (чой, пахта, тамоку), тахтабурӣ ва собунпазӣ дорад. Якчанд фабрикаи дӯзандагӣ, пойафзол, устохонаҳои механикӣ, фабрикаи гӯгирд, заводи васли радиоприёмник, ду заводи консерв (равғани тунг) ва заводи қанд низ ҳаст. Соли 1978 қувваи электр 276 млн кВт с. истеҳсол шуда буд. Дар Блантайр-Лимбе заводи цемент ва заводи нуриҳо ҳаст. Тӯли роҳи оҳан 566 км. Хати асосии роҳи оҳан Салима—Блантайр-Лимбе—Буйра (Мозамбик). Дарозии роҳи автомобилгард зиёда аз 3020 км, аз он тақрибан 1242 км асфалтпӯш. Аэропорти Блантайр-Алмбе аҳамияти байналхалқӣ дорад. Тамоку, чой, арахис, пашм, равғани тунг, пахта экспорт мешавад. Аэ хориҷа хӯрокворӣ, маснуоти бофандагӣ, металли сиёҳ ва ранга, маҳсулоти нефт меоваранд. Шарикони асосии савдои М.: Британияи Кабир, Родезияи Ҷанубӣ, ШМА, Япония, РФГ. Воҳиди пул — квача (1000 квача = 1,4 доллари ИМА дар соли 2017).

Тандурустӣ: Дар солҳои 2000 ба ҳисоби миёна ба ҳар 1000 сокин 120 таваллуд, 35 фавт рост меомад; фавти кӯдакон ба ҳар 1000 кӯдаки навзод 298,3 нафар Бемориҳои сил, тиф, паратиф, бемориҳои «домой, махав паҳн шудаанд. Қариб 85% аҳолӣ аз бемориҳои шистозоматоз, вараҷа ва анкилостомидоз зарар дидааст. Солҳои 90 дар Малабо 82 касалхонаи дорои 9,9 ҳазор кат (1,3 кат ба 1000 сокин) мавҷуд буд. 3 марказӣ сайёри муборизаи зидди махав, 6 махавхона ҳаст. Солҳои 90 184 духтур (1 духтур ба 45 ҳазор сокин) ва тақрибан 1000 корманди миёнаи тиббӣ кор мекард.

Мардуми Малави

Маданият : Зиёда аз 85% аҳолӣ бесавод аст. Дар бораи таълими ҳатмӣ қонун нест. Мактаби ибтидоӣ 8-сола, мактаби миёна 6-сола. Соли 1975 дар мактабҳои ибтидоӣ тақрибан 600 ҳазор, дар мактаби миёна 14 ҳазор талаба мехонд. Тайёрии касбҳои техникӣ дар асоси мактаби ибтидоӣ дар давоми 1—4 сол ба амал бароварда мешавад. Ягона мактаби олӣ дар Балантайр-Лимбе соли 1964 таъсис ёфта буд, ки дар он зиёда аз 1000 студент таҳсил мекунад. Коллеҷи (педагогӣ, хоҷагии қишлоқ, политехникӣ ва ғ.) ҳастанд, вале онҳо маълумоти Олӣ намедиҳанд. Китобхонаи калонтарин дар назди Чанселлор — коллеҷ дар Блаитайр-Лимбе воқеъ аст, дар ҳамин шаҳр музеи Малави низ ҳаст (таъсисаш 1964). 12 муассисаи тадқиқоти илмӣ ва ширкатҳои илмии соҳаи геология, хоҷагии қишлоқ, ҷангалпарварӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ мавҷуд аст. Нашрияҳои даврии машҳуртарин «Африка» («The African»), ки соли 1950 таъсис ёфтааст, ба забони англисӣ ва забони чиньянҷа ва тумбука чоп мешавад;. «Малави гаверимент газет» (Malawi Gavernment Gazette) соли 1894 таъсис ёфтааст, газетаи ҳукуматист; «Малави нюс» («Malawi Hews») соли 1959 таъсис ёфтааст, органи Партияи конгресси Малави Радиошунавонии ҳукуматии Малави соли 1964 таъсис ёфта буд.

Шакли асосии касабаҳои халқҳои нянҷа ва чева аз деҳаҳои бетартибе иборат буда, атрофи онҳо бо девор иҳота шуда аст. Кулбаҳои игонҳо ба шакли мудаввар чунин ҷойгир карда мешаванд, ки мобайни онҳо барои чорво қӯра мешавад. Аз касбу ҳунарҳои анъанавӣ бештар кӯлолӣ ва кандакорӣ дар рӯи чӯб маъмул аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …