Маълумоти охирин

МАЛАБО

МАЛАБО (Malabo) (то соли 1973 — Сапна-Исабель), пойтахти Гвинеяи Экваторӣ. Дар ҷазираи Масиас-Нгема-Бийого (собин Фернандо-По) воқеъ гаштааст. Иқлимаш экваторӣ; ҳаpopаташ мибнаи солона 25,4° С; боришоти солона қариб 2000 мм. Аҳолиаш 45 ҳазор нафар (1975). Бандар дар соҳили халиҷи Биафра (қисми халиҷи Гвинея).

Шахри Молабо

Аэропорт дорад. Дар Малабо корхонаҳои чӯббурӣ, чӯбгарӣ мавҷуданд. Равғани норҷил ва собун истеҳсол мешавад. Ба хориҷа какао, қаҳва, сабзавот, мева, чӯбу тахта мебарорад. Коллеҷи муалллмон, мактабҳои касбомӯзӣ, музейҳои этнография ва археология, китобхона ҳаст. Ёдгориҳои меъмории асри 19 боқӣ мондаанд.
Малаборо солҳои 20 асри 19 англисҳо ҳамчун посёлка буньёд карда, Порт-Кларенс ном ниҳоданд.

Баъди дар ҷазираи Фернандо-По барқарор гардидани ҳокимияти Испания (1843) Санта-Исобель ном гирифт. То соли 1968 маркази маъмурии Гвинеяи испанӣ буд. Аз 12 октябри 1968 пойтахти Республикаи мустақили Гвинеяи Экваторӣ. Соли 1973 ба шарафи сардори қабилаи буби Малабо ном гирифт.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …