МАҲСУЛОТИ ИЗОФА, маҳсулотест, ки меҳнаткашони соҳаи истеҳсолоти моддӣ зиёда аз маҳсулоти зарурӣ истеҳсол мекунанд. Дар шакли арзиши изофа аз худ кардани Маҳсулоти изофа, ки бо меҳнати бемузд истеҳсол мешавад, мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ аст. Капиталистон Маҳсулоти изофаро барои истеъмоли худ ва васеъ намудани истеҳсолот истифода мебаранд. Истеҳсоли Маҳсулоти изофа ва маҳсулоти зарурӣ дар шароити ҷамъиятӣ капиталистӣ оштинопазир будани манфиатҳои меҳнаткашон ва синфҳои истисморгарро ифода менамояд. Дар ҷамъияти социалистӣ баробари талаботи индивидуалӣ талаботи ҷамъиятӣ низ вуҷуд дорад, ки барои қонеъ гардонидани он истеҳсоли Маҳсулоти изофа зарур аст. В. И. Ленин гуфтааст, ки дар давраи социализм Маҳсулоти изофа ба фоидаи синфи доро не, балки ба фоидаи тамоми меҳнаткашон, фақат ба фоидаи меҳнаткашон истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти изофаи дар давраи социализм муносибати ҳамкории рафиқона ва ёрии байни меҳнаткашони ҷамъиятро ифода мекунад. Шакли натуравию ашьёии он аз воситаҳои истеҳсолот ва ашёи истеъмол иборат аст. Дар вақти тақсими Маҳсулоти изофа як қисми он бевосита дар корхона мемонад ва қисми дигараш ба ихтиёри давлати социалистӣ мегузарад. Қисми Маҳсулоти изофа, ки дар корхона мемонад, фоидаи холиси онро ташкил медиҳад. Қисми дигараш, ки ба ихтиёри давлат мегузарад, шакли даромади холиси ҷамъиятӣ социалистиро ба худ гирифта, барои васеъ кардани истеҳсолот, фонди суғуртаи иҷтимоӣ, ташкили фондҳои ҷамъиятии истеъмол, фонди захиравӣ, мустаҳкам кардани мудофиаи мамлакат, нигоҳ доштани аппарати давлатӣ ва диг. муассисаҳои соҳаи истеҳсолоти ғайримоддӣ сарф мешавад. Даромади холиси корхонаҳо барои такмилу вусъати истеҳсолот, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти моддӣ ва мадании аъзоёни коллективҳои онҳо (сохтани клуб, хонаҳои истиқоматию истироҳатӣ, санатория, яслию боғчаҳо ва ғ.) сарф мешавад.
М. Мамадназарбеков.