МАҲНУРИ ДАРВОЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1906), шоири тоҷик. Дар ноҳияи Вахиё (райони пештараи Тавилдара, ҳозира Комсомолобод) дар оилаи марди деҳқон ва шоир — Вола таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гузарондааст. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафтах мадрасаро хатм намуд ва ба хидмати дарбори амир Абдулаҳад ҷалб шуд. Пас аз чанде ба зодгоҳаш баргашт. Ашъори Маҳнури Дарвозӣ дар баёзҳои асри 19 ва аввали асри 20 дарҷ ёфтаанд. Мас., дар баёзи № 819 захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон 327 байти ӯ ҷой гирифтааст. Муҳтарам дар тазкирааш менависад, ки Маҳнури Дарвозӣ «Девони шеърӣ бар сафҳаи рӯзгор ёдгор гузорид». Вале девони ӯ то ҳол дастрас нагардидааст. Маҳнури Дарвозӣ дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти пешазинқилобии тоҷик, инчунин доир ба аҳволу зиндагии худ, шикоят аз нобаробариҳои замона асарҳо офаридааст.
Л. Ҳабибов.