Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ

МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ

nophotoМАҲМУДИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва бастакори охири асри 15 ва аввали асри 16 форс-тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд ёфта, дар Табрез ва Бухоро таҳсили илм кардааст. Санъати танбӯрнавозиро дар зодгоҳаш омӯхта, сабки хос пайдо кардааст. Дар сози тан­бӯр оҳангу таронаҳои зиёде офаридааст. «Амали Танбӯрӣ», «Пешрави Маҳмудӣ», «Нақши Танбӯрӣ» аз таснифоти машҳури ӯст. Мирзо Хусайни Танбӯрӣ аз ҷумлаи шогирдонаш мебошад.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …