Маълумоти охирин

МАҲҶУБА

nophotoМАҲҶУБА (тахалл. номаш Суфуро; 1895, Бодгис —1967, Ҳирот), шоираи афғон. Аз оилаи муншӣ. Гузаштагонаш аз Хоразм будаанд. Дар назди падараш илмҳои фиқҳ, адабиёт ва сарфу наҳви арабиро омӯхта, аз 14-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Зиёда аз 30 сол дар лицеи Меҳрӣ муаллим ва мураббии духтарон будааст. Яке аз аъзоёни фаъоли анҷумани адабии Ҳирот буд. Девони аҳҷуба., ки пас аз маргаш (1968) ба табъ расидааст, се ҳазор байтро фаро мегирад. Маҳҷуба дар ашъораш аз рӯзгори ноҳинҷор ва нобаробариҳои ҳаёти маишӣ шикоят намуда, мактабу маориф, ватану ҳамватанонашро ситоиш карда, мардумро ба ҳақпарастӣ даъват менамояд. Шеърҳои ишқии Маҳҷуба хеле содда ва равонанд.

С. Мирзоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …