Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН (қош мадраса), ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳои 1588—90 дар аҳди Абдуллоҳхони 11 сохта шудааст. Дар рӯ ба рӯи мадрасаи Модари хон ҷойгир аст. Бандубасташ аз дигар мадрасаҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои дуқабата ишғол кардаанд. Ду пештоқ дорад. Пештоқи калон, ки рӯ ба ҷануб аст, кошикорист. Асоси ёдгориро дарсхонаву масҷид ташкил дода, дар атроф хонақоҳ ва иморатҳои дигари андозаашон гуногун ҷойгиранд. Ду тарафи пештоқ ва гулдастаҳо бо порчаҳои рангоранги кошӣ пардоз ёфтаанд.

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

Дар конструкцияи Мадрасаи Абдуллоҳхон пӯшишҳои мураккаби гунбазӣ истифода шудаанд. Дарвозааш бо усули гиреҳ кандакорӣ гардидааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат мебошад. Ах: Пугаченкова Г. А., Ремпель Л. И. Выдающиеся памятники архитектуры Узбекистана, Ташкент, 19S8. пугаченкова Г. А., Самарканд, Бухара, М., 1961.        А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …