Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ СИБСӢ

МАДАНИЯТИ СИБСӢ

МАДАНИЯТИ СИБСӢ, як системаи муайяни донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, принцип, метод ва воситаҳои идоракунии ҷамъиятро гӯянд, ки дар қонун, урфу одат ва шуури синфӣ инъикос ёфта, онҳоро гурӯҳу тазаҷаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсии худ истифода имебаранд.

Мафҳуми «Маданияти сибсӣ» бори нахуст дар осори В. И. Ленин истифода шудааст: «…мақсади маданияти сиёсӣ, маълумоти сиёсӣ — коммунистони ҳақиқиро тарбия карда расондааст, ки онҳо қобил бошанд дурӯғ, ҳурофотро барҳам диҳанд бо ба оммаҳои меҳнаткаш ёрӣ расонанд, ки бар тартиботи кӯҳна ғалаба кунанд ва кори барпо намудани давлатро ба капиталистон, бе истисморгароӣ, бо помещикон пеш баранд» (Асарҳо., ҷилди- 31, саҳифаи 394). Асосгузорони марксизм-ленинизм бар хилофи сиёсатшиносони буржуазӣ ба маданияти моддию маънавӣ (ниг. Маданият) алоқаманд буда ин Маданияти сибсиро исбот намудаанд Маданияти сибсӣ моҳияти иҷтимоӣ дорад, аз дараҷаи муайяни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст ва манфиатҳои сиифии гурӯҳу табакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаро ифода мекунал.

Хусусияти асосии Маданияти сибсӣ дар он аст, ки вай ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёт (истеҳсолӣ, маишӣ ва ғ.), балки ҷабҳаи иҷтимоию сиёсии онро дар бар мегирад. Маданияти сибсӣ бо вуҷуди аз омилҳои моддию маънавӣ вобаста будан дорои мустақилияти нисбист ва ба фаъолияти иҷтимоию сиёсии аъзоёни Ҷамъият таъсири мухталиф мерасонад. Ин чиҳати масъала алалхусус дар шароити муборизаи ошкорон синфӣ, ки дар шароити капитализм мегузарад, равшан зуҳур меёбад. Маданияти сибсӣ чун қисми таркибии маданият моҳияти синфӣ дорад. Аз ин рӯ, ду типи таърихии ташаккулёфтаи Маданияти сибсӣ— Маданияти сибсии ҷамъиятҳои синфию антагонистӣ во Маданияти сибсии формацияи коммунистӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

Мадҳу санои системаи сиёсии буржуазия, муҳофизати он ва «созиш»-у «ҳамкории» байни синфу партияҳои ба ҳам зидди ҷамъияти капиталистиро тарғиб кардан мақсади асосии Маданияти сибсии буржуазиро ташкил медиҳад. Бинобар ин дар Маданияти сибсии буржуазӣ мафҳумҳои «озодӣ», «демократия», «баробарӣ», «бародарӣ» ва «ҳуқуқҳои гражданҳо» заминаи реалӣ надошта, ба манфиатҳои ҷамъиятии оммаи васеи меҳнаткашон комилан мухолифанд. Ин аст, ки В. И. Ленин фош намудани зиддияти байни сухану амали партияҳои сиёсии буржуазиҳо вазифаи муҳими пролетариат медонад. Дар асл нормаҳои Маданияти сибсие, ки дар ҷамъияти истисморӣ ҳукумронанд, ба манфиати доираи хурди одамон мувофиқ буда, чун воситаи аз ҳаёти сиёсии ҷамъият дур кардани меҳнаткашон ва устувор гардонидани ҳокимияти сиёсии буржуазия хизмат мекунанд. Партияҳои сиёсии он анъанаҳои кӯҳнашуда ва моҳияти иртиҷоӣ доштаро аксар вақт ба муқобили унсурҳои прогрессивие, ки дар Маданияти сибсии ҷамъияти капиталист пайдо мешаванд, истифода мебаранд. Дар шароити капитализм танҳо пролетариат идеалогияи ҳақиқатан илмии сиёсиро ба вуҷуд меорад, ки он манфиатҳои сиёсии оммаи меҳнаткашро нфода намуда, ба озодии онҳо, сохтмони социализму коммунизм мусоидат мекунад.

Ғалабаи Октябри Аъзам, сохтмони социализм ва гузариши халқи советӣ ба давраи сохтмони бевоситаи базаи моддию техникии коммунизм тоҷассуми олии камолоти Маданияти сибсии пролетариати ҷаҳонӣ мебошад. Дар замони социализм принципҳои асосии Маданияти сибсӣ (озодӣ, баробарӣ, бародарӣ ва ғ.) мазмуни ҳақиқии иҷтимоӣ пайдо карда, ба омили боэътимоди фаъолии иҷтимоию сиёсии меҳнаткашон ва прогресси ҳаёти ҷамъиятӣ табдил меёбанд. Маданияти сибсии социализм одамонро дар рӯҳияи интернационолизми пролетарӣ ва ватандӯстии социалистӣ тарбия намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат фаъолона иштирок ва санъати мураккаби роҳбарони сиёсиро аз худ кунанд.

Маданияти сибсӣ танҳо маҳсули тарбияи идеявию сиёсӣ набуда, ба тарбияи мехнатӣ ва ахлоқӣ алоқаманд аст. Ба тарбияи сиёсии аъзоёни ҷамъият низ муносибати комплексӣ лозим аст, ки зарурати он дар ҳуҷҷатҳои съезди 25 КПСС махсус қайд карда шудаанд. Аз ин рӯ, барои самаранокии инкишофи Маданияти сибсӣ тарбияи идеявию сиёсӣ, меҳнатӣ ва ахлоқиро дар ягонагӣ пеш бурдан лозим аст.

Ад.: Ленин В. И., Нутқ дар маҷлиси машваратии Умумироссиягии коркунони равшаннамоии сиёсии шӯъбаҳои маорифи халқи губернияҳо ва уэедҳо 3 ноябри С. 1920, Ас., ч. 31; Брежнев Л. И., Марҳилаи таърихии роҳи коммунизм. Бо роҳи Ленин. Нутқҳо ва мақолаҳо, ҷ. 6, Д., 1979; Конституцияи (Қонуни асосии) Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ, Д., 1977; Бурлацкий Ф., Галкин А., Социология. Политика. Международные отношения, М., 1974, Агаев А. Г., Социалистическая национальная культура, М., 1974; Новчук М. Т., Коган Л. Н., Советская социалистическая культура: исторический опыт и современные проблемы, М. 1979.

С. Ҷононов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …