Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ – маданияти археологии мансуб ба халқҳои нимбодиянишине, ки асрҳои 8—9 сокини Подонье ва Наздиазов буданд. Ин маданият дар давраи гузариш ба ҳаёти муқимӣ ва ташаккули муносибатҳои феодалӣ дар байни бодиянишинҳо, ки ба ҳайати хоқонии Хазар дохил мешуданд, пайдо шудааст. Асрҳои 9—10 зери зарбаи печанакҳо барҳам хӯрд. Бештар аз 200 ёдгории М. С. М. маълум: боқимондаҳои қароргоҳҳои бодиянишинҳо, касаба, қалъа, шаҳр, қабрҳо.

Соли 1900 тадқиқоти ҳафриёти оромгоҳи назди деҳаи Салтовои Болои вилояти Харьков ва 1906 димнаи қалъаи Маяц дар вилояти Воронеж cape шуданд. М. С. М. ба ду тақсим мешавад: ҷангалу биёбонӣ-аланӣ (ниг. Аланҳо) ва биёбонӣ-булғорӣ. Ба намуди аввал қасабаҳои деҳқонон, қалъаҳои деворашон аз санги сафед, урфу одати дафнкунии маданияти Катакомба, ба дуюмин қароргоҳҳои бодиянишинҳо ва тарзи дафнкунии маданияти Ямная хос аст. Бодиянишиноне, ки дар Дони Поён сокин буданд, аз санги сафед қалъаҳо месохтанд, дар шаҳрҳои калон низ зиндагӣ мекарданд. Иктисодиёт ва маданияти ҳар ду қисм тақрибан баробар буд. Маданияти ба М. С. М. монанд дар мавзеъҳои аланҳо ва булғорҳои қадим — Қрими Шарқӣ, Волгаи Миёна ва поёни Дунай маълуманд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …