Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мадач Имре

Мадач Имре

МАДАЧ ИМРЕ – Madach Imre (21.1.1823, Алыпострегова — 4.10.1864, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги венгер. Аз оилаи дворянӣ. Маҷмӯаи, аввалини шеърҳояш—«Гулҳои лира» (1840). Револютсияи солҳои 1848—49-ро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (силсилаи шеърҳои «Манзараҳои лагер»). Дар драмаи ҳаҷвии «Мутамаддин» (I860) ситамгарони австриягиро масхара кардааст.

Мадач Имре

Ба ақидаи Мадач, ғояи зиндагӣ мубориза аст ва ин ақидаи ӯ дар драмаи манзуми фалсафии «Фоҷиаи инсон» (1861) ифода ёфтааст. Дар драмаи «Мӯсо» (1861) Мадач халқро ба ҳифзи озодии миллӣ даъват кардааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …