«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ» асари Cиддиққии Ҳусайнӣ дар боби санъати бадеӣ ва нақди шеър, ки соли 1650 таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» аз муқаддимаи мухтасар, фаслҳои «Дар тақсими калом», «Дар баёни бадоеи лафзӣ», «Дар зикри саноеи маънавӣ», «Дар сиркоти шеър» ва хотима иборат суда, дар он 73 санъати бадеӣ, 10 навъи шеър ва 9 истилоҳи гуногуни адабиётшиносӣ шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар «Маҷмаъ-ун-нафоис» инчунин афкори адабию эстетикии муаллиф инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, муаллиф дар асари худ созгор омадани лафзу маънӣ, яъне ягонагии шаклу мазмуни асари бадеиро талқин намуда, бартарияти мундариҷаро дар ин ваҳдат изҳор кардааст. Зимин шарҳи санъату истилоҳот ӯ доир ба Муиззӣ, Хоқонӣ, Салмони Совачӣ, Навоӣ ва диг. шоиру адибон ҳикояту ривоятҳои аҷибе меорад, ки барои таъини лаҳзаҳои ҳаёту хусусиятҳои эҷодиёти онҳо муфиданд. Дар асар инчунин андешаҳои муҳимми тадқиқотиву таҳқиқотӣ ва назари амиқу муносибати дақиқи муаллиф доир ба адабиёти бадеӣ акс ёфтаанд. Аз ҷумла дар он «томили ташбеҳи киноят» будани «аксари ашъори Бадри Чочӣ», «дар ашъори Абулфараҷи Қазвинӣ аксар риоя шудани санъати тарсеъ», «дар ашъори Абдулвосеи Чобалӣ бисьёр омадани санъати тафсири хафӣ» ва амсоли инҳо қайд шудаанд. Муносибату таваҷҷӯҳи муаллиф махсусан нисбат ба эҷодиёти Хисрави Деҳлавӣ ва фикру мулоҳизаҳояш аз хусуси эҷодиёти ӯ шоёни диққтанд. Чоряки мисолу бурҳоноти рисола аз осори Хисрави Деҳлавӣ ихтибос шудаанд. «Маҷмаъ-ун-нафоис» рисолаи пурарзиши илми бедеи классикии форс- тоҷик буда, барои таҳқиқу омӯзиши мероси гузашта материали фаровоне медиҳад. Як нусхаи дастнависи он дар захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон зери рақами 148 маҳфуз аст.
А. Раҳмонов.