Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҶЛИСҲОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА

МАҶЛИСҲОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА

МАҶЛИҲОИ МАШВАРАТИИ МОСКВА (солҳои 1941, 1943, 1945), маҷлисҳои машваратии намояндагони СССР, ШМА ва Британияи Кабир оид ба масъалаҳои ҷудогонаи амалиёти ҳарбӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳалли осоиштаи проблемаҳои баъдиҷангӣ.

Машварати соли 1941 (29 сент.—1 окт. сардорони ҳайати вакилон: СССР — В. М. Молотов, ШМА — У. А. Гаррими, Британияи Кабир — лорд Бивербрук) дар бораи -додугирифти мол дар давраи 1 октябр 1941 — 30 ию­ни 1942 қарор қабул кард. ШМА ва Британияи Кабир ӯҳдадор шуданд, ба СССР_ ҳар моҳ 400 самолёт, ЗД) танк, тӯпҳои зенитӣ ва зиддитанкӣ, автомошинҳо, инчунин алюминия ва дигар фулузот медиҳанд; «сарфи назар аз душвориҳои калон, ӯҳдадор шуд, ки ба Англия ва Америка барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ ашёи хом медиҳад.

Машварати соли 1943 (19—30 октябри сардорони ҳайати вакилон—вазирони корҳои хориҷӣ; СССР — В. М. Моло­тов, ШМА — К. Хэлл; Британияи Кабир — А. Иден) масъалаҳои кӯтоҳ кардани мӯҳлати ҷангро муҳокима намуд. Намояндагони ШМА ва Анг­лия аз қабули ӯҳдадории муайяне доир ба кушодани фронти дуюм баркашӣ карданд.

Ҳуҷҷатҳои муҳими машварат: 1) «Декларацияи чор давлат доир ба масъалаи бехатарии умумӣ» (онро намояндаи Хитой низ имзо намуд). Мувофиқи он тарафайн ӯҳдадор шу­данд, ки ҷангро то ком план таслим шудани душман идома дода, баъди анҷоми ҷанг барои пойдории сулҳи умумӣ мекӯшанд; тарафҳо қарор доданд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ барои мустаҳкам намудани сулҳу бехатарӣ ташкилоти байналхалқӣ таъсис кунанд ва дар вақти зарурӣ бо маслиҳату розигии тарафайн қувваҳои мусаллаҳи худро барои мӯътадил гардонидани вазъият дар ин ё он мамлакат истифода баранд ва дар масъалаи миқдори қувваҳои мусаллаҳу яроқу аслиҳа ҳамкорӣ намоянд. 2) «Декларацияи оид ба Италия», ки он иттифоқчиёнро ба ҳамкорӣ барои решакан кардани фашизм дар Италия ва пойдор на­мудани тартиботи демократӣ дар он ҷо даъват менамуд. 3) «Декларацияи оид ба Австрия» изҳор намуд, ки 15 марти 1938 ба Германия «ҳамроҳ карда шудани» Австрия аз эътибор соқит дониста шавад. Дар айни за­мон қайд гардид, ки Австрия барои аз ҷониби Германия дар ҷанг ишти­рок карданаш ҷавобгар аст ва инчунин ба назар гирифта хоҳад шуд, ки Австрия барои озод кардани худаш чӣ ҳисса гузоштааст. М. м. М. «Декларацияи оид ба ҷавобгарии гитлерчиён барои амалиётҳои ваҳшиёнаашон»-ро эълон намуд, ки он­ро И. В. Сталин, Ф. Рузвельт, У. Черчилл имзо карданд ва баъдтар дар асосри он ҷинояткорони ҳарбӣ ба ҷавобгарии суд кашида шуданд. Дар машварат масъалаҳои вазъияти баъдиҷангӣ, аз ҷумла масъалаи Гер­мания мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳайати вакилони СССР доир ба таклифи сардорони ҳайатҳои вакилони ШМА ва Англия, ки дар амал ба қисмҳо ҷудокунии Германияро дар назар дошт, изҳори ақида накард. Ҳайати вакилони СССР лоиҳаи англисҳоро доир ба «схемаи асосии идоракунии Франция» низ рад кард. Ҳукумати Советӣ таклифи Англияю Америкаро оид ба барқа­рор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳукумати дар Лондон будаи Польша, ки ба СССР муносибати душманона дошт, низ рад намуд.

Машварати соли 1945 (16—26 декабр сар­дорони ҳайати вакилон — вазирони корҳои хориҷӣ: СССР — В. М. Моло­тов, ШМА —Ҷ. Ф. Бирнс, Британияи Кабир — Э. Бевин) тартиби тайёр ва имзо кардани шартномаи сулҳро бо Италия, Руминия, Булғория, Венгрия ва Финландия муайян кар­да, оид ба ташкили комиссияи Шарқи Дур ва Совети Иттифоқ оид оа Япония ба созиш омад. Бо қарори машварат ташкил кардани ҳукумати муваққатии демократии Корея дар назар дошта мешуд. Иштирокчиёни машварат дар бораи зарурати муттаҳидкунӣ ва демократикунонии Хи­той, инчунин хотима додани ҷанги гражданӣ дар Хитой аҳд карданд. Шартҳои аз тарафи Британияи Ка­бир ва ШМА эътироф намудани ҳукуматҳои Руминия ва Булғория муайян гардид. Вазирони корҳои хо­риҷӣ қарор доданд, ки масъалаи таш­кили Комиссияи назорат бар энер­гияи атом ба муҳокимаи Ассамблеяи Генералии ТДМ тавсия карда шавад.

М. м. М. ба мустаҳкам шудани иттифоқи зиддигитлерӣ ва халлқ як қатор масъалаҳои баъдиҷангӣ мадад карданд. Аммо давлатҳои Ғарб баъди торумор шудани Германияи гитлерӣ ба муқобили Иттифоқи Советӣ сиёсати «ҷанги сард»-ро пеш гирифта, боиси иҷро нашудани чанде аз қарорҳои муҳими М. м. М. гардиданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …