Маълумоти охирин
Главная / Техника / Луноход

Луноход

ЛУНОХОД – ин аппарати худгарди қамарӣ, воситаи нақлиётиест, ки ба тарзи автоматӣ (аз Замин) ва ё аз тарафи худи кайҳоннавардон идора карда мешавад.

Луноход
Сурати “Луноход – 2”

Нахустин аппарати худгарди қамарӣ «Луноход буд, ки онро станцияи автоматии байнисайёравии (САБ) советӣ «Луна-17» ба сатҳи Моҳ бурда расонд; дар сатҳи Моҳ аз 17.11.1970 то 4. 10. 1971 амал кар­да, программаи васеи тадқиқоти илмаро анҷом дод. Массаи «Луноход-1» 756 килограм буда, дар корпуси герметин он як қисми аппаративу таҷҳизот ҷой дода шудааст. Шассии иборат аз 8 чарх Луноходро аз рӯи 2 суръат ба пешу қафо ва чапу рост ба ҳаракат медарорад.

Ҳаракати Луноход Маркази алоқаи дури кайдҳои ба воситаи радио (дар асоси ахбори телевизионӣ ва телеметрии аз Луноход гирифташуда) идо­ра карда мешавад. Манбаи энергия: батареяҳои офтобӣ ва батареяи аккумуляторҳои мобайнӣ (буферӣ). Ап­паратураи илмӣ: асбобҳо барои тадқиқи афканишоти кайҳонӣ, ҷиҳатҳои физикавию химиявӣ ва таркиби химиявии хоки Моҳ; телескопи рентгенӣ барои омӯхтани интенсивият ва тақсимоти кунҷии афканишоти рентгенӣ ва дигар манбаъҳои афка­нишоти кайҳонӣ, аксгири кунҷшакли оптикӣ барои локацияи лазерӣ.

Масофаи дар сатҳи Моҳ тайкардашуда 10 540 метр; масоҳати тадқиқшуда 80 000 м3; 200 панорама ва зиёда аз 20000 сурати сатҳи Моҳ ба Замин фиристода шуд; дар зиёда аз 500 нуқтаи хати ҳаракат хосиятҳои физикию механикии хок тадқиқ дар 25 нуқта таркиби химиявии он муайян карда шуд ва ғайра.

«Луноход-2» ба сатҳи Моҳ 16-уми январи соли 1973 бо ёрии САБ-и «Луна-21» расонда шуд. Массаи Луноход 840 кг; сохташ бо «Луноход-1» як хел, аммо система ва аппаратураҳои илмии такмилёфта, асбобҳои иловагӣ дорад. Дар зарфи 4 моҳ Луноход 37 километр масофаро тай карда, ба Замин 86 панорама ва беш аз 80000 сурати телевизионӣ, тасвири стереоскопии релефи Моҳро фиристод. Бо воситаи андозагириҳои магнитӣ доир ба сохти дохилии Моҳ тақрибан то чуқуриҳои садҳо км маълумот ба даст оварда шуд. Андозагириҳои равшанҳои осмони Моҳ нишон доданд, ки радифи Заминро қабати зарраҳои чанг печондааст, ки рӯшноиро ба миқдори калон паро­канда мекунад.

Луноходи америкоии «Ровер» (LRV) дар вақти парвози киштиҳои моҳнавардӣ «Аполлон-15, -16, -17» (1971—72) истифода шуданд. Луноходи мазкур ба сатҳи Моҳ; июл дер по­латигун расонида щуд; баъди фурӯдоӣ ба сатҳи Моҳ кайҳоннавардон онро ба ҳолати корӣ оварданд. Массаи муштараки «Ровер» (бо 2 кайҳхоннаварди скафандрпӯш, бор ва ғайра.) 725 кг. Суръати максималии ҳаракаташ то 15 км./соат. «Ровер» шакли платформаи кушоди чорчархаро до­рад; манбаи энергия батареяи аккумуляторҳост. Дар болои платформа 2 курсии нишасти астронавтҳо, пулти идоракунӣ бо системаи навига­ция, радиоҷиҳоз барои алоқаи бевосита бо Замин, камераи телевизионӣ, ва ғайра ҷой гирифтаанд. Ҳаракати «Ровер»-ро худи кайҳоннавардон идора мекарданд. Масофаи тайкардаи он дар вақти экспедицияи «Аполлон-17* 35,7 км буд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …