ЛУБНОНИҲО – ин миллат ва аҳолии асосии кишвари Лубнон мебошанд, ки онҳоро ба забони руссӣ «Ливанцы» мегӯянд. Шумораи Лубнониҳо соли 2017-ум дар ҷаҳон тақрибан 15 млн. нафар буданд, ки аз ҷумла дар Бразилия 7 млн., дар Лубнон 4 млн., дар Аргентина 1,5 млн. нафар мебошанд.
Лубнониҳо дар Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Миср, Африкаи Ғaрбӣ ва Ҷанубӣ, Австралия зиндагӣ мекунанд. Бино ба маълумотҳо, аксари эътиқодмандон пайрави масеҳият (православ, католик ва ғайраанд.), боқимонда мусулмон (суннӣ, шиа ва ғайра).
Бозёфтҳои археологӣ нишон медиҳад, ки аҷдодони Лубнониҳо ҳанӯз дар ҳазорсолаи 4—3 то м. дар сарзамини Лубнониҳо зиста, шаҳрҳо бунёд мекардаанд. Дар ташаккули Лубнониҳо финикиҳо, қабилаҳои ҳуррӣ ва Эгей («халқҳои баҳрӣ») иштирок кардаанд.
Асрҳои 13—14 вақти ҳукмронии мамлукҳо насрониён пайдо шуданд ва бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, лубнониҳои арабро ташкил карданд. Лубнониҳо ба зироат (парвариши лиму, афлесун, тамоку, зайтун), кирмакдорӣ, ҷисман чорводорӣ машғул буда, аксар дар саноат кор мекунад.
Яке аз маъруфтарин шахс аз халқи Лубнони ин Шакира мебошад, ки сарояндаи шуҳратманд дар ҷаҳон, хонуми зебо ва шаҳрванди ИМА. Оид ба таърих, хоҷагӣ ва маданияти Лубнониҳо нигаред ба Лубнон .