Маълумоти охирин

Лубнон

ЛУБНОН – Республпкаи Лубнон (Lebanon – Ливан ), давлати хурди муттарақиест, ки дар Осиёи Ғарбӣ ва соҳили шаркии баҳри Миёназамин мебошад. Дар Шимол ва Шарқ бо Сурия, дар бо Ҷанубу Шарқ бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 10,4 ҳазор км2. Аҳоли­аш 6,3 млн. нафар (2017 сол). Пойтахташ шаҳри Бейрут мебошад. Аз ҷиҳати маъмури Лубнон ба 5 вилоят тақсим мешавад.

Лубнон

Сохти давлатй. Лубнон — республикаи парлумонӣ мебошад. Конститутсияи ҷориаш 23 май 1926 қабул шудааст (солҳои 1927, 1929, 1943, 1947, 1976 ва 1990 ба он тағйирот дохил карда шудаанд). Сардори давлат— президент, ки ӯро парламент ба мӯҳлати 6 сол интихоб мекунад. Президент сарвазир ва вазиронро таъин ва аз вазифаашон холӣ меку­над, қонун мебарорад.

Ӯ сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ низ мебоша,л. Opгани олии ҳокимияти қонунбарор — парламенти якпалатагист, ки дар асоси системаи конфессионалӣ (аломати динӣ) ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Масъалаҳои маъ­муриро дар округҳо, губернаторҳо на дар ноҳияҳо супрефектҳо ҳал мекунанд, ки онҳоро ҳукумат таъин мекунад. Системаи судӣ: судҳои инстантсияи якум, апеллятсионӣ ва кас­сатсионӣ, судҳои шаръӣ. системаи судҳои маъмурӣ, доир ба масъалаҳои баҳси меҳнатӣ — арбитражҳо, суд доир ба масъалаҳои бехатарии давлатӣ.

ЛУБНОН ДАР ХАРИТА

Табиат: Лубнон асосан мамлакати кӯҳсор; дар кад-қади пастхамии камбари наздисоҳилӣ қаторакӯҳи Лубнони Ғapбӣ ва қаторакӯҳи Лубнони Шаркӣ тӯл кашида, дар байни онҳо пасти чуқурии Бекаа воқест. Иқлимаш субт­ропикӣ; тобистон хушку зимистон сернам. Дар ноҳияҳои назди соҳил ҳарораташ январ 13° С, июль 28°С, дар ба­ландии тақрибан 1000 метр 6° С—22°С.

Боришоти солона дар ноҳияҳои наз­ди соҳил 750—1000 мм, дар кӯҳсор зиёда аз 1000 мм. дар водии Бекаа на пуштакӯҳи гарони қаторакӯҳи Лубно­ни Шаркӣ 400—800 мм. Дарёҳояш хурд. Дарёи калонтарин Литани. Хокаш дорчинӣ, хокистарранги дорчинии санглох. Набототаш асосан бутагӣ, дар ғарби пуштакӯҳи қаторакӯҳи Лубнон бешаҳои боқимонда (булути ҳамешасабз, чинор, фарқ, санавбар, арча) дучор меоянд. Олами ҳайвоноташ: кафтори рах-рах, шағол, ғизол (қариб тамоман қир шудааст). хелҳои зиёди хояндаю паррандаҳо низ мавҷуданд.

Аҳолаш: Зиёда аз 90%-и аҳолӣ—арабҳо. Қариб 500 ҳазор нафар аз онҳо фирориони фаластинианд. Дар Лубнон арманиҳо, курдҳо, шумораи ками черкисҳи, туркҳо, форсҳо, яҳудиён, ев­ропоиҳо  ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — арабӣ, забонҳои франсавӣ ва англисӣ низ маъмуланд. Зиёда аз 30% ҳиссаи аҳолӣ мусулмон (суннӣ, шиа, друзҳо), боқимонда — насронӣ (аз онҳо 2/з ҳиссаашон маронитҳо). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 метри мураббаъ 520,46 нафар (2016 сол). Шаҳрҳои калон — Бейрут (қариб 2 млн. нафар аҳоли соли 2017), Тароблис, Сайдо ва Заҳла мебошанд.

ВИДЕО ОИДИ ЛУБНОН

Очерки таърихӣ:  Дар масоҳати ҳози­раи Лубнон одамон аз замонҳои қадим инҷоинб зиндагӣ мекунанд. Қадимтарин аҳолии ин диёр қабилаҳои финшчиҳо, хурриҳо ва дигар буданд. Дар ҳазораи 4—2 то мелод дар масоҳати Лубнон якчанд шаҳр-давлатҳои Финикия: Библ (ҳозира Ҷубайл), Тир (ҳози­ра Сур), Сидон (ҳозира Сайдо), Ве­рит (ҳозира Бейрут) ва ғайра ташкил шу­данд. Дар аҳди фиръавни Миср Тутмоси III (солҳои 1525—1473 то мелод ҳукм рондааст) масоҳати Лубнон ба Миср дохил карда шуд.

Шаҳр-давлатҳои Финиқияро Ошур, Бобулистон, давлати Ҳахоманишиёни форс, Искандари Мақдунӣ ва дигар давлатҳо забт карда буданд. Соли 64 то мелод масоҳати Лубнон ба музофоти Сурияи Рим, баъдтар ба ҳайати империяи Византия дохил карда шуд. Арабҳо Лубнонpo дар асри 7 забт карданд, аҳолии мамлакат забони арабӣ ва қисми зиёди он дини исломро қабул кард. Асрҳои 8—9 дар Лубнони Кӯҳистон пайравони як қатор мазҳаби насронӣ, аз ҷумла марониҳо сокин шуданд. А. И дар Лубнон таълимоти мазҳаби шиаи друзҳо паҳн гардид. Салибдорон охирҳои асри 11 Лубнонро забт карда, бо дастгирии марониёни олимансаб чандин аморатҳои феодалӣ барпо карданд. Онҳо охирҳои асри 18 аз Лубнон ронда шуданд.

Лубнон дар асри 13 ибтидои асри 16 тобеи мамлукҳои Миср буд. Охири асри 15 ибтидои асри 16 дар заминаи ҷамоатҳои друз ва маронӣ дар Лубнони Кӯҳистон аморати мухтори Лубнон ташкил шуд. Соли 1516 масоҳат. Лубнон ба сифати як қисми Сурия ба ҳайати империяи Усмония дохил карда шуд. Охири асри 18 — ибтидои асри 19 муносибатҳои молию пулӣ инки­шоф ёфтанд. Аввалин мануфактураҳо ба вуҷуд омаданд. Сиёсати марказонидани Лубнон гузаронида мешуд.

Дар давраи ислоҳотҳои империяи Усмония (1839 — авалҳои солҳои 70-ум) дар Лубнон низ чандин ислоҳот гузаронида шуд. Солҳои 1841, 1845, 1860 бай­ни друзҳою марониҳо низову нифоқ, рӯй дод. Ҳукумати Туркия аз ин вазъият истифода бурда кӯшиш кард, ки ҳокимияти худро дар Лубнон барқарор намояд. Дар натиҷаи муқобилати аҳолӣ ва мудохилаи давлатҳои Европа ба Лубнон ба андозае мухторият дода шуд. Он ба ду музофот — друзӣ ва маронӣ тақсим шуд, ки дар натиҷа зулму истибдоди феодалҳо афзуд.

Парчами Лубнон

Соли 1859 деҳқонони Кесруана бар зидди феодалҳо шӯриш бардоштанд. Солҳои 1860—1861 бо баҳонаи ҳифзи аҳолии насронӣ Қӯшунҳои Фаронса мамлакатро забт карданд. Июни 1861 комиссияи байналхалқӣ (дар ҳайати Фаронса, Британияи Кабир, Австрия, Пруссия, Россия, империяи Усмония) низомномаи Лубнонро кор карда баромаданд (аз ҳамин давра мамлакат расман Лубнон ном гирифт), ки мувофиқи он дар масоҳати Лубнони Кӯҳистон Лубнони ягона ва мухтор эълон гардид. Имтиёзҳои феодалони Лубнон бекор ва дар Лубнон ҷойгир кардани қӯшунҳои Туркия манъ карда шуд. Аз охирҳои солҳои 50-уми асри 19 Лубнон ба яке аз марказҳои илму маърифати араб, баъд ба маркази Ҳаракати миллии озодихоҳона таб­дил ёфт.

Лубнон дар асрҳои 19-20 ҳамчун ҷузъи империяи Усмония ба ниммустамликаи давлатҳои Европаи Ғарбӣ таб­дил ёфт. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонии 1914—1918 Туркия мухторияти Лубнонро бекор кард. Октябри 1918 қӯшунҳои Англияю Фаронса Лубнонро забт карданд. Сентябри 1920 ҳукумати Фаронса дар зери ваколати худ барпо гардидани давлати «Лубнони Бузург»-ро эълон намуда, ноҳияҳои мусулмоннишинро ба масоҳати Лубнони Кӯҳистон ҳам роҳ кард. Халқи Луб­нон бар зидди мустамликадорони фаронсавӣ фаъолона мубориза бурд. Соли 1924 коммунистони Лубнон ва Су­рия Партияи Коммунистии Сурия (ПКС)-ро барпо намуданд.

Дар ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳонии 1939— 1945 дар Лубнон ҳолати ғарбӣ эълон ва парламент пароканда карда шуд; фаъолияти Партияи коммунистӣ низ манъ гардид. Баъди таслим шудани Фаронса моҳи июни 1940 Лубнон амалан дар зери назорати комиссияи муторакаи Италияю Германия монд. Қисмҳои ҳарбии «Фаронсаи озод» ва қӯшунҳои Англия 8 июни 1941 ба масоҳати Лубнон даромаданд. Сарфармондеҳи қӯшунҳои Фаронса генерал Катру бекор шудани ваколати Фаронсаро эълон кард. Вай 26 ноябри 1941 изҳоротро доир ба Лубнон додани истиқлолият тасдиқ намуд. Ҳамин тавр 22 ноябри 1943 Ҳукумати қонунии Лубнон барпо гардид.

Ин рӯз ҳамчун иди миллии Лубнон Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта ме­шавад. Дар ҳамон вақт байни capдорони ҷамоаҳои насронӣ ва мусулмон муоҳидаи миллӣ баста шуд, ки он системаи конфессионалиро мустаҳкам намуд. Мувофиқи ин муоҳидаи миллӣ ҳокимиятро дар байни сардорони ҷамоаҳои мусулмон ва насронӣ тақсим намуданд (бо имтиёзи насрониён). Лубнон аз августи 1944 бо иттиҳоди Шӯъравӣ муносибатҳои дипломатӣ до­рад. Марти 1945 Лубнон дар ташкил намудани Лигаи мамлакатҳои араб иштирок кард. Худи ҳамон сол Лубнон аъзои ТДМ шуд.

Лубнониҳо ” class=”size-full wp-image-74707″ height=”374″ id=”attachment_74707″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/04/lubnoniho.jpg” width=”750″> Сурати Лубнониҳо

Империализми Фаронса кӯшиш мекард, ки баъди ҷанг қӯшунҳои худро аз хоки Лубнон набарорад. Ҳаракати муқобилат бар зидди истилогарон cap шуд. Бри­танияи Кабир ва Фаронса маҷбур шуданд қӯшунҳои худро бароранд. Қӯшунҳои охирин 31 декабри 1946 аз Лубнон баромаданд. Барқарор шудани истиқлолияти миллӣ ба инкишофи иқтисодиёти мамлакат мусоидат кард. Ҳукумат чандин корхонаҳои ширкатҳои хориҷиро харида гирифта миллӣ кунонид.

Дар роҳи истифода бурдани захираҳои табиӣ чораҳо дида шуд. Аммо монополпяҳои хориҷӣ дар иқсодиёти Лубнон мавқеи мустаҳкам доштанд. Капитали ИМА торафт бештар ба Лубнон дохил мешуд. Меҳнаткашон талаб карданд, ки ша­роити зиндагонӣ беҳтар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ демократӣ кунонида шавад. Дар ин мубориза Партияи Коммунистии Лубнон, ки соли 1944 ҳамчун партияи мустақил ташаккул ёф­та аз соли 1948 дар ҳолати ғайрилегалӣ буд, фаъолона иштирок кард.

Солҳои 1948—1949 Лубнон дар ҷанги Мисру Исроил иштирок карда, ҳамроҳи мамлакатҳои дигари араб ба шартномаи муторақа бо Исроил (23 марти 1949) имзо кард. Ҳукумат соли 1951 ҷавобан ба талаби оммаи халқ таклифи давлат­ҳои империалистиро дар хусуси ба иттифоқҳои ҳарбӣ иштирок намудани Лубнонро рад кард. Аммо Комил Шамун, ки соли 1952 президент интихоб шуд, бар хилофи ваъдаҳои пеш аз интихобот додааш роҳи бо Ғapб наздикшавиро пеш гирифт.

Дар давраи таҷовузи Англия, Фаронса ва Исроил бар зидди Миср бо ҳукуматҳои иштирокчиёни таҷовуз муносибатро наканд. Моҳи марти 1957 Лубнон «Доктринаи Эйзенхауэр»-ро қабул кард. Аввали 1958 Фронти муттаҳидаи миллӣ ташкил шуд, вай талаб кард, ки сиёсати мустақилонаи дохилӣ ва хориҷӣ ба амал бароварда шавад. Қувваҳои тараққипарвар кӯшиш мекарданд, ки Лубнон дар ҳаракати миллии озодихоҳонаи халқҳои араб фаъолона иштирок кунад, аммо сардорони ҷамоаи насронӣ ба ин зид буданд. Моҳи май 1958 корпартоии умумии сиёсӣ cap шуда, ба Ҷанги гражданӣ табдил ёфт.

Таҷовузи Америка ба Лубнон июли 1958 cap шуд, ки ташаббускори он Шамун буд. Сентябри 1968 баъди президент шуданд генерал Фуод Шаҳоб задухӯрд хотима ёфт. Р. Карома сардори ҳукумати нав шуд. Ҳукумати Карома изҳор намуд, ки он бо «Докоринаи Эйзенхауэр» ҳеҷ як алоқа надорад ва сиёсати бетараф будан, ба блокҳо ҳамроҳ нашудан асоси сиёсати хориҷиаш мебошад.

Харитаи Лубнон

Октябри 1958 қӯшунҳои америкоӣ аз хоки Лубнон бароварда шуданд. Ҷанги граждании 1958 инъикоси бӯҳрони системаи конфессионалӣ ва бунёди сиёсии ҳукумат буд. Президент Фуод Шаҳоб ба артиш такя намуда ислоҳотҳо гузаронид (1958—1964), ки зотан рӯякӣ буда, дар системаи сиёсии мамлакат ба тағйири ҷиддӣ оварда нарасонид. Дар давоми солҳои 60-ум ва нимаи 1-уми солҳои 70-ум дар мамлакат ҳаракати демократӣ боз авҷ гирифта, бо сардории К. Ҷумбулот — сарвари Партияи прогрессивии сотсиалистӣ блоқӣ қувваҳои тараққипарварии миллӣ ташаккул ёфт.

Ташкилотҳои Ҳаракати мудобилати Фаластин аз соли 1968 дар масоҳати Лубнон амал мекунанд. Қувваҳои насрониёни рост (партияи Катаиб, партияи миллии либералӣ ва ғайра) бар зидди дар Лубнон вуҷуд доштани Ҳаракати муқобилати Фаластин Саромаданд ва ин буд, ки соли 1969 задухӯрди яроқнок ба амал омад. Пас аз он ки ноябри 1969 дар Қоҳира байни Лубнон ва Ташкилоти озодкунандаи Фаластин муоҳида баста шуд, бӯҳрони тезутунди сиёсии мамлакат хотима ёфт. Маи 1973 фармондеҳии армияи Лубнон бо ризоияти прези­дент С. Франже (1970—1976) боз ба муқобили ҳаракати муқобилати Фаластин ҷанг cap кард.

Апрели 1975 қувваҳои насрониёни рост бо дастгирии давлатҳои империалистӣ, Исроил ва қувваҳои иртиҷоип аъроб бо мақсади торумор намудани Ҳаракати муқобилати Фаластин ва иттифоқчни он — қувваҳои тараққипарвари миллӣ дар Лубнон ҷанҷоли калон хезонданд. Бло­ки партияҳои насрониёни рост ба мақсади худ нарасида, огаҳоро аз рӯи аломати динӣ тақсим кардани мамлакатро талаб карданд. Августи 1975 қувваҳои тараққипарвари миллӣ программаи ислоҳоти демократиро пешнҳод карданд, ки он ба барҳам додани системаи конфессиоиалӣ равона карда шуда буд.

Январ— марти 1976 дар армияи Лубнон ихтилоф ба вуҷуд омад. Доираҳои муайяни ҳарбӣ бо дастгирии аксарияти депутатҳои парламент марти 1976 кушиш карданд, ки президент Франже пеш аз мӯҳлат ба истеъфо барояд, аммо ин кӯшиш барор нагирифт. Июни 1976 ба Лубнон қӯшунҳои Сурия дохил шуданд. Қувваҳои насрониёни рост августи 1976 баъди муҳосираи якуним моҳа лагери дар Бей­рут воқеъ гардидаи фаластиниҳо — Талл-Заътарро ишғол карданд. И. Саркис сентябри 1976 президент таъин шуд. Октябри 1976 дар Арриёз ва Қоҳира машварати сардорони давлатҳои араб гузаронида шуд ва пас аз он моҷарои яроқноки Лубнон хотима ёфт.

Иқтисодиёт:  Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Лубнон дар соли 2016-ум маблағи 86 миллиард доллари ИМА-ро ташкил кард (GDP (purchasing power parity)). Xоҷагии қишлоқ ва саноатп Лубнон чандон та­раққӣ накардаанд. Лекин системаи молию банк ва доираи хизматрасонии он хеле инкишоф ёфтааст ва аз 2/з ҳиссаи даромади миллии мамла­катро ташкил мекунад. Таҳкурсии иқтисодиёти Лубнонро сектори хусусӣ ташкил медиҳад. Аксарияти корхонаҳои он фабрикаву заводҳои хурданд. Саноати маъдани кӯҳӣ низ аз корхонаҳои хурд иборат аст; маъдани оҳану ангишти бур истихроҷ ва асфальт истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нефть тобеи капитали хориҷӣ мебошанд. Саноати цемент тараққӣ мекунад. Kopxoнаҳои металлургӣ, коркарди металл ва химиявӣ сохтанд. Бофандагӣ аз соҳаҳои қадимтарини мамлакат мебо­шад. Аз корхонаҳои саноати хӯрокворӣ заводҳои қанд бештар инкишоф ёфтаанд. Лубнон ҳиссаи аҳолӣ замин на­дорад ва онро аз заминдорони калон иҷора мегиранд.

Асъори Лубнон

Шаклан асосии истифодабарии замин чоряккорист. Аз ғалладона гандум, ҷав, аз лубиёиҳо наск, нахуди даштӣ, нут ва ғайра кишт мешавад. Боғдорӣ (себ, меваи ситрусӣ, зайтун ва банан) ва токдорӣ тараққӣ кардааст. Лаблабӯи қанд ва тамоку низ парвариш мешавад. Кӯҳҳо чарогоҳ надоранд. Бинобар он барои парвариши гов имконият нест. Бузу гӯсфанд ва мурғ мепарваранд, моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Нақлиёти асосӣ — автомобил. Тӯли роҳи автомобильгард 6,5 ҳазор метр. Бейрут — бандари калони баҳрӣ ва авиатсионӣ. Солҳои 1966—67 байни Лубнон, Иттиҳоди шӯъравӣ ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шуд. Лубнон ба хориҷа меваи ситрусӣ, себ, пашм, нахи пахта, пӯст, семент бароварда, аз хориҷа мошин ва таҷҳизот, маснуоти металлӣ, чӯб, хӯрокворӣ, чорво мехарад. Воҳиди пулаш — фунти лубнонӣ (100 фунти лубнони = 22 суму 18 тини советӣ, январи 1979).  Воҳиди пулиаш – Фунти Лубнонӣ дар соли 2017 мебошад ва қурбаш тақрибан  баробари 1500 LBP  = 1 доллари ИМА аст.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба:  Катаиб («Фалангаҳои Луб­нон»). Ҳамчун партия аз соли 1943 амал мекунад. Партияи асосии бло­ки қувваҳои рости насронӣ «Фрон­ти Лубнон» (ФЛ). Партияи миллии либералӣ. Таъсисаш соли 1958. Ба ФЛ дохил аст. Блоки миллӣ. Таъсисаш соли 1943. Парти­яи тараққипарвари соци­алистӣ. Таъсисаш соли 1949. Пар­тияи миллии иҷтимоӣ. Таъ­сисаш соли 1932. Ҳаракати носирчиёни мустақил. Таъсисаш соли 1971. Ташкилоти амалиёти коммунистии Лубнон. Таъсисаш соли 1971. Партпяи таҷаддуди сотсиалистии араб (Баас). Таъсисаш соли 1950. Парти­яи Коммунисти Лубнон (Таъсисаш соли 1924). Федератсияи умумии иттифоқҳои касабаи коргарон ва хизматчиёни Лубнон.

Матбуот, радио, телевианон: Солҳои охири асри 20 дар мамлакат номгӯи зиёди матбуоти даврӣ ба забонҳои арабӣ, франсавӣ, англисӣ ва арманӣ нашр мешуд. Газетаҳои асосӣ ба забони арабӣ: «Ал-Амол» (таъсисаш 1039), органи партияи Катаиб «Ал-Анвор» (1959), «Ал-Муҳаррир» (1902), «Ан-Наҳор» (1933), «Ан-Нидо» (1959), «Ас-Сафир» (1974) ва ғ. Ба забони англнсӣ: «Дейли стар» (1952), ба забони франсавӣ: «Ориан-Жур» (1971). Журналҳои асосӣ: «Ал-Ҳаводис», «Ас-Сайёд», «Ал-Усоу-ал-Арабӣ», «Ал-Хуррия» ва ғайра. На кам аз 5 радиостансия дорад, ки барномаҳои худро ба забонҳои арабӣ, франсавӣ, англисӣ, арманӣ мешунавонад. Дар мамлакат 2 ширкати теловизион кор мекунад.

Адабиёт:  Асри 19 дар адабиёти Лубнон, ба монанди он ки дар адабиёти Миср, Сурин ва дигар мамлакатҳои араб буд, роҳҳои маърифатпарварӣ паҳн гардида, ҳаракати эҳёи маданияти араб ташаккул ёфт. Идеологҳои ин ҳаракат маърифатпарварон Насиф-ал-Язиҷӣ (1800—71), Бутрус ал-Бӯстонӣ (1819—83), Аҳмад Форис аш-Шидёқ (1804—87) ва дигар буданд. Дар нимаи 2-юми асри 19 — ибтидои асри 20 дар адабиёти Лубнон ғояҳои маърифатпарварӣ ва зиддифеодалӣ мавқеи муайянро ишғол карданд. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ адабиёти Лубнон ба давраи нави тараққиёти худ дохил шуд: услуби романтизм ва реализми танқидӣ шакл гирифтанд. Дар асарҳои танқидӣ таъсири В. Г. Белинский бараъло зоҳир мешуд.

Умар Фахурӣ, Тавфиқ Юсуф Аввод (маҷмӯаи ҳикояҳо аз ҳаёти камбағалон «Писараки ланг», 1936, романи ватанпарваронаи «Нотс», 1939), Карам Малҳам (романҳои «Силкасал», 1936, «Фарёди дарду алам») ва дигар нависандагону шоирон дар инкишофи реалистонаи адабиёти Лубнон саҳми арзанда гузоштанд.

Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонии 1939—45 ва пас аз ҷанг нависандагони пешқадами Лубнон дар атрофи журнали иҷтимоию сиёсии «Ат-Тариқ» («Роҳ»), ки асосгузорони он Умар Фахурӣ, Антуан Табет ва Райф ал-Ҳурӣ мебошанд, ҷамъ омаданд. Тарҷума ва оммавӣ гардонидани асарҳои М. Горкий. М. А. Шолохов, И. Г. Оренбург, К. М. Симонов ва дигар нависандагони советӣ, инчунин асарҳои муаллифони тараққипарвари Европаи Ғaрбӣ ва Америка дар ҳаёти мадании Лубнон ҷои намоёнро ишғол кардаанд. Мубориза бар зидди фашизм, мустамликадорӣ, танқиди беадолатии иҷтимоӣ мавзӯи асосии публицистика ва адабиёти бадеии Лубнон гардил.

Маҷмуаи ҳикояҳои «Паканаҳо— баҳодурон» (1948) ва «Сиёҳӣ дар рӯи коғаз»-и (1957) нависанда ва филолог Морун Аббуд ба аҳволи вазнини фаллоҳон ва қисмати ҷавонони Лубнон бахшида шудааст. Протессҳои мураккаби ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатҳои араб дар повестҳои «Коҳинони ибодатгоҳ» (1952) ва «Убайди тавоно»-и (1955) Ҷорҷ Ханна инъикос гардидааст. Қаҳрамонони новеллаҳои Муҳаммад Дикруб (маҷмӯаи «Кӯчаи дароз», 1954) асосан намояндагони синфи коргаранд. Шоир Радиан аш-Шаххал соли 1950 достони «Ленин»-ро офарид.

Дар солҳои 60-ум ба адабиёти Лубнон Муҳаммад Антонӣ, Ҳасан Канафонӣ, Эдуард Бӯстонӣ ва дигар омаданд, ки насри онҳо ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ҳакиқати ҳозираи мамлакат, инчунин ба масъалаҳои мубориза бар зидди империализм, таҷовузи Исроил нигаронида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …