Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Лорентц Хедрик Антон

Лорентц Хедрик Антон

Лорентц Хедрик Антон – физики голланд, асосгузори назарияи электронӣ (18.7.1853 дар Арнем таваллуд шуда 4.2.1928 дар Харлем вафот кардааст). Соли 1875 Университети Лей­денро хатм кард. Солҳои 1878—1923 профессори ҳамон университет. Аз соли 1923 директори Институти тадқиқоти илмӣ дар Харлем (дар наздикии Лейден). Як қатор ҳодисаҳои муҳими электронию оптикиро дар асоси назарияи злектронӣ тадқиқ кард. Қонуни Ом, қонуни Ҷоуль-Ленц, эффекты Холл, дисперсияи рӯшноиро шарҳ дод. Формулаи қувваи Лоренцро ба вуҷуд овард.

Лорентц Хедрик Антон
Сурати Лорентц Хедрик Антон

Собитаҳои муодилаи Максвелл (тадохули диэлектрикӣ ва тадохули магнитй, ноқилияти электрикӣ)-ро шарҳ дода, қонуни Видеман-Франц, Лоренц, эффекти Зееман, вобастагии байни коэффициенти шикаст ва зичии моддаҳоро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуд. Лоренц ба электродинамикаи муҳити мутаҳаррик асос гузошт.

Ӯ ба физика ба ном табдилоти Лоренцро дохил кард, ки дар ташаккули назарияи нисбият роли калон бозид. Дар фалсафа Лоренц материалист буда, бар зидди идеа­лизми физикӣ мубориза бурдааст. Лоренц ташкилотчӣ ва раиси Конгрессҳои Солвей дар соҳаи физика (1911— 27). Аъзои бисёр академия ва ҷамъиятҳои илмии ҷаҳон. Лауреата Му­кофоти нобелӣ (1902).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …