Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Либревил

Шаҳри Либревил

ЛИБРЕВИЛ (Libreville), пойтахти Ҷумҳурии Габон. Бандарест дар соҳили халиҷи Гвинея дар уқёнкси Атлантик. Маркази сиёсӣ, маданӣ ва саноатии мамлакат. Аҳолии шаҳри Либревил 715 ҳазор нафар (2017 сол). Фурудгоҳаш (аэропорт) дорои аҳамияти байналхалқист. Иқлим экваторӣ. Ҳарорати миёнаи июль 24° С, апрел 27° С. Боришоти солона 2648 мм.

Шаҳри Либревил

Ба воситаи бандари Либрейвил ба хориҷа асосан чӯбҳои қиматбаҳои тропикӣ бароварда мешавад. Либрейвил корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (заводдҳои пиво, орд, қаҳва, истеҳсоли равғани норҷил, шолитозакунӣ), тамоку, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чӯбгарӣ, фанер, коркарди металл, киштисозӣ ва стансияи электрикии олавӣ дорад.

Дар Либрейвил ва агрофи он мактаби олии хоҷагидорӣ, марказҳои тадқиқоти илмии океанографияю техникаи илмӣ оид ба бешазори тропикӣ ва стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқ воқеанд. Бунёди шаҳр соли 1849.

Либревил дар харитаи Гугл

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …