Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛЯШКО Александр Павлович

ЛЯШКО Александр Павлович

liashkoЛЯШКО Александр Павлович (таваллуд 30.12.1915, ш. Миллерово, ҳоло вилояти Ростов), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС из соли 1942.

Аввал коргари роҳи оҳан Донецк буд. Техникуми роҳеозию механикии Донецкро хатм намуда, дар автобазаи заводи химиявии кокси ш. Кадиевка (ҳоло ш. Стаханов) механик шуда кор кардааст (1035—37). Сонӣ дар мактаби механикҳои автомобиль (ш. Артемовен) аввал муаллим, баъд мудири қисми таълим шуда кор кардааст. Солҳои 1941—45 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. 1945—52 инженери заводи мошинсозии Новокраматорск ҷонишини сардори цех, ҷонишини директори завод, парторги КМ ВКП (б) 1952—54 котиби якуми Комитету партиявии ш. Краматорск, 1954—57 котиб, 1957—60 котиби дуюм, 1960-63 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Донецк. 1963—66 котиб, 1906—69 котиби дуюми КМ ПКУ, 1969—72 Раиси Президиуми Совети Олии РССУ. чонишини раиси Президиуми Совети Олии СССР. Аз июни 1972 раиси Совети Вазирони РССУ. Дар съездҳои 22—26-уми партия аъзои КМ КПСС интихоб гардидааст. Аз соли 1960 аъзои КМ ПКУ. Аз соли 1963 аъзои Президиум, аз 1966 аъзои Бюрои Сиесии КМ ПКУ. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—10) ва депутати Совети Олии РССУ (даъватҳои 5—10). Бо 5 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …