Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЛЯПУНОВ Александр Михайлович

ЛЯПУНОВ Александр Михайлович

liahov-vladimirЛЯПУНОВ Александр Михайлович (6.6.1867, Ярославль — 3, И. 191В, Одесса), математик ва механики рус. Академики АФ Петербург (1901; аъзо-кирр. аз 1900). Шогирди П. А. Чебышев. Соли 1880 Университети Петербургро хатм намуд. Доцент (1885) ва профессори Университети Харьков (аз 1882) буд. Аз соли 1902 cap карда дар АФ Петербург кор кардааст. Дар диссертатсияи доктириаш «Масъалаи умумӣ оид ба устувории ҳаракат (1Ми2) назарияи аниқи устувориро aз ҷиҳати математикӣ кор карда баромад. Усулҳое, ки дар диссертация баён шудаанду ҳозир «Усули нишондиҳандаҳои характеристикӣ» ва «Усули функцияҳои Ляпунов» номида мешаванд, воситаҳои асосии тадқиқи устувории ҳаракат ба ҳисоб меравнад. Тадқиқоти Ляпунов оид ба шакли мувозинати моей якзайлчархзананда, натиҷаҳое, ки ӯ дар назарияи муодилаҳои дифференциалии муқарpapӣ, назарияи эҳтимолият ва физикаи математикӣ ба даст овардааст, аҳамияти калони илмӣ доранд. Ад Собр. соч., т. 1—5, М., 1954—65.

АД: Цессвич В. П., А. М. Ляпунов. М„ 1970,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …