Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ленц Якоб Михаэл Рейнхолд

Ленц Якоб Михаэл Рейнхолд

Ленц Якоб Михаэл Рейнхолд
Ленц Якоб Михаэл Рейнхолд

Ленц Якоб Михаэл Рейнхолд (Оakob Michael Reinhold Lenz). 12-уми январи соли 1751 дар Зесвеген, собиқ, Лифландия таваллуд шуда 24-уми майи 1792 дар ш. Москва вафот кардааст. Нависанда ва драматурги немис мебошад. Писари рӯҳонӣ. Дар «Қайдҳо оид ба театр» (1774) зидди эстетикаи классисизм баромада, дар санъат аз қонунҳои муқаррарӣ озод будан ва офаридани характерҳои намоёну беназирро дархост кард.

Дар асари «Оид ба истифодаи забони немисӣ» (1775) нависандагонро ба омӯзиши забони халқ даъват намуд. Ҳамбастагии фоҷиа ва мазҳака, композитсияи озоди «шекспирӣ» аа ҷиҳатҳои махсуси драматургияи Ленц мебошанд. Песаҳои Ленц рӯҳияи зиддифеодалӣ доранд («Муаллими хонагӣ», 1774; «Сарбозон», 1776).

Ашъори Ленц ба лирикаи ишқии давраи ҷавонии Гёте наздик аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …