Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли СЕВАН

Кӯли СЕВАН

СЕВАН, Гӯкча, кӯлест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон, калонтарин дар Кавказ. Дар пастхамии тектоникии кӯҳсори Арман, дар баландии қариб 1900 м воқеъ гаштааст. Севанро қаторкӯҳҳои Арегуни, Севан (Шахдоғ), Варденис, Гегам, Памбак иҳота кардаанд. Масоҳаташ 1262 км2, чуқуриаш то 86 м. Севанро2 димоға ба қисми хурди шимоли ғарбӣ (Севани Хурд) ва қисми калону васеи ҷануби шарқӣ (Севани Калон) ҷудо кардааст. Ба кӯл 28 дарёчаи хурд рехта, аз он дарёи Роздон (Занга) ҷорӣ мешавад. Дар ин дарё 6 стансияи электрии обӣ мавҷуд аст. Бо мақсади ба кӯл равона кардани оби дарёи Арпа туннели дарозиаш 48,6 км сохта шудааст. Аз Севан гулмоҳӣ ва дигар хел моҳиҳо сайд мекунанд. Дар соҳили кӯл шаҳри Севан воқеъ гаштааст. Атрофи Севан истироҳатгоҳи сокинони Арманистон ва маркази туризм мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …