ҚАЙДИИ ШЕРОЗӢ (с. тав. номаълум — ваф. 1582, Фатдҳпур Сикрии Ҳинидустон), шоири эронӣ. Дар дарбори Исмоили II сафавӣ (ҳукмр. 1576—78) хидмат мекард. Ба ҳаҷ рафт ва аз он ҷо ба Ҳиндустон баргашта, мулозими Акбар шуд. Аз амрҳои Акбар ва нороҳатии мардум шиква мекард, барои ин вайро аз дарбор дур карданд. Дар тазкираҳо шоири пурмаҳсули ғазалсаро тавсиф шудааст. Аз осораш ғазалҳо ва абьёти пароканда боқист. Байтҳои зер аз уст:
Эй қадам нанҳода ҳаргиз аз дили тангам бурун,
Ҳйрате дорам, ки чун дар ҳар диле но кардаӣ.
* * *
Кадом марҳами лутф аз ту дар дил аст маро,
Ки нонгудозтар аз доғҳои дасрат нест.
А. Алимардонов.