ҚАВОМИИ РОЗӢ Бадруддини Шарафушшуаро (тақр. 1097, Рай—тақр. 1165), шоири форс-тоҷик. Аз доираи ҳунармандон (нонвоӣ) будааст. Аз у девони ашъор (тақр. 3360 байт) боқӣ мондааст, ки дар он қасоиду ғазалиёт ва тарҷеъбандҳояш фароҳам омадаанд. Мавзуи ашъори Қ. Р. васфи ҳунару ҳунармандон, ситоиши ахлоқи пок, баланд шуморидани қаноату хоксорӣ аз «тахти зару афсари гавҳарнисор» ва ғ. мебошад. Дар аксар қасидаҳояш ба мавзуи панду насиҳат даст задааст, ки ин гувоҳи қаробати у ба мардуми меҳнатӣ, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинии онон аст. Ғазалиёти Қ. Р. низ бо ҳамин равия, ба забони соддаю равон навишта шудаанд. Қ. Р. дар пешбурди адабиёти доираҳои ҳунармандӣ хидмати сазоворе кардааст. Девони Қ. Р- с. 1956 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
А. Абдуллоев.