Маълумоти охирин

ҚАВМ

ҚАВМ, тоифа, этнос, 1) аҳли хешутаборони ҳамхун, ки пайдоиши худро аз тарафи модар ё падар ба аҷдоди ягона (авлод) вобаста мекарданд. Тақр. 40 ҳаз. сол муқаддам тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, дигаргуниҳои иҷтимоӣ боиси ташаккули одами намуди ҳозира Homo Sapiens (инсони бохирад) ва аз тудаи ибтидоии башар ҷудо шудани авлод гардидааст;

kavm

2) намуди махсуси гуруҳи иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи процесси табиии таърихӣ ба вуҷуд омадааст, дар илм этнос (ниг. Умумияти этникӣ) ном гирифтааст. Нишонаи муҳимтарини Қ. худшиносист; ин хусусиятҳо забон, маданият ва ҳолати руҳии (психикаи) ба худ хос дорад. Вобаста ба сохти иқтисодию иҷтимоӣ дар таърихи башарият се типи Қ.-ро ҷудо мекунанд: қабила (дар ҷамоаи ибтидоӣ), халқият (сохти ғуломдорӣ ва феодализм), миллат (дар замони капитализм ва социализм); 3) тоифаи як маҳалла, гузар ва деҳа, ки бино, ҷуйбор, ҳавз, асбобу афзори маъракаҳои оилавӣ ва ҷамъиятиро якҷоя истифода баранд. Он ҳо нисбат ба якдигар ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои «қаққи ҳамсоягӣ», «маҳалладорӣ» доштанд. Аъзоёни Қ. дар тую мотами якдигар иштирок менамуданд, ба ҳамдигар молу пул ё қарз ё насья медоданд, шаъну шарафи ҳамқавмонро ҳимоя мекарданд, мардҳо дар ҳашарҳо, алғов (корҳои меҳнатталаби хоҷагӣ ва истеҳсолот), занон ҳангоми пахтакашӣ, ресмонресӣ, сузанидузӣ, равғанкашӣ ва ғ. ба ҳамдигар мадад мерасонданд.

Н. Турсунов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …