Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАРШӢ

Шаҳри ҚАРШӢ

ҚАРШӢ, шаҳр, маркази вил. Қашқадарьёи РСС Узб. Дар маркази водии Қаршӣ, дар соҳили Қашқадарьё воқеъ гаштааст. Узели р. о. ва роҳҳои автомобилгард ба суи Когон, Душанбе, Китоб ва Самарқанд. Аҳолиаш 129 ҳаз. наф. (1984). Дар Қ. з-дҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, шир, пивопазӣ, таъмири механикӣ, таъмири мотор, комб-ҳои гушт, орд, ф-каҳои дузандагӣ, корхонаҳои нақлиётӣ р. о., истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар Қ. палос истеҳсол мекунанд. Қ. маркази азхудкунии дашти Қаршист. Ин-ти педагогӣ, техникумҳои политехники, х. қ., кооперативӣ, маданият, омузишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ ва педагогикаи томактабӣ, театри драмаи мусиқӣ дорад. Қ. дар давраи подшоҳии юнонии Бохтар маҳалли аҳолинишин буда, Нашебо ном дошт. Дар замони истилои араб шаҳр Насаф ном гирифт. Аз а. 14 бо номи Қ. маълум аст. Дар а-ҳои миёна аз Қ. ба шаҳрҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва ғ. роҳи тиҷоратӣ мегузашт. Қ. зодгоҳи Сайидои Насафист.

karshi

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …