Маълумоти охирин

ҚАМИШ

kamish

ҚАМИШ (Schoenoplectus), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисьёрсоларо гуянд, ки ба оилаи ғешаиҳо мансуб аст. Пояаш сабз, одатан бебарг. Хушагулаш дуббамонанд ё чатршакл. Гулаш дуҷинса (дар хушачаҳои майдача гирифта аст). «Чормағзак»-аш сеқирра, буртоб. Дар дуньё беш аз 250 намуди Қ- маълум аст. Дар «Флораи РСС Тоҷикистон» (руси; М.—Л., 1963, д. 2) оид ба 12 намуди Қ. (Schsetaceus, Sch. triquetriformis, Sch. validus, Sch. litoralis, Sch. tabernaemon-tani, Sch. lacustris, Sch. oryzetorum ва ғ.) маълумоти муфассал ҳаст. Онҳо асосан дар ҷойҳои сернам, шибарзамин, соҳили кулу дарьёҳо, инчунин чун алафи бегона дар шолизору пахтазор меруянд. Дар замини қамишзор бештар торф ҳосил мешавад. Баъзе намудҳои Қ. (Sch. mucronatus, Sch. lacustris)-ро дар тибби халқӣ бароӣ табобати касалиҳои меъда ва чун доруи пешоброн тавсия медиҳанд. Аз қилаи пояаш марҳам тайёр карда ба ҷои сухтаи бадан мебанданд. Аз пояи Қ (Sch. tabernaemontani, Sch. lacustris, Sch. triquetriformis ниг. расм) сабад ва бурьё мебофанд. Решапояи баъзеи онҳоро чун хуриш (40—42% оҳар дорад) ва доруи истеъмол мекунанд. Қ. хуроки хуби нутрия ва ондатра мебошад. Бисьёр вақт Қ.ро нодуруст най мегуянд.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …