Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН

ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН

ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН, димнаи мансуби давраи Кушониён, ки дар деҳаи Эсанбои р-ни Ленини РСС Тоҷ. воқеъ аст. 1C К. р. 1973 тадқиқ гардидааст. Димна аз куҳандизи панҷгуша (55 X 30 м) ва бошишгоҳ иборат аст. Қ- К. ду комплексро дар бар мегирад, ки яке ба а-ҳои 4—6, дигаре ба а-ҳои 6—8 мутааллиқанд.

Аз Қ. К. чанд бино кашф шуд, ки аз хонаҳои иқоматӣ ва хоҷагӣ иборатанд. Ҳар бино аз як то панҷ хонаро дар бар мегирад. Тақр. дар маркази бошишгоҳ маъбади буддоӣ кушода шуд, ки аз ибодатгоҳи марказӣ, давлӣ, биноҳои хоҷагӣ ва иқоматгоҳҳо иборат будааст. Ибодатгоҳ долон-роҳрав дорад. Дар яке аз деворҳои долон мусавварае боқӣ мондааст, ки лаҳзаи ба Буддо туҳфа пешкаш намудани ду ашрофзанро инъикос менамояд. Аз ибодатгоҳ пораҳои ҳайкалчаҳои гилии буддо ва олиҳаҳои буддоӣ ёфт шуданд. Девори муҳофизатӣ ва яке аз бурҷҳои Қ-К. низ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳафриёт инчунин ба миқдори зиёд сафолот, асбобу анҷоми гуногун ба даст омаданд.

В. С. Соловьев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …