Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ

ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ

ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ, ёдгории археологӣ ва фортификационии мансуб ба а. 19, ки дар наздикии деҳаи Қаратоғи РСС Тоҷ., Дар соҳили рости д. Қаротоғ воқеъ буд. Дар он беки Ҳисор мезист. Харобаҳои қалъаро саиёҳи франсавӣ Г. Совпало, ки с. 1886 ба Бухорои Шарқӣ омада буд, тасвир кардааст. Дарозии он зиёда аз 400 м ва бараш қариб 200 м будааст. Деворҳои қалъа бурҷҳои чоркунҷа ва тиркашҳо доштанд. Аз ду тараф биноҳои айвондор (барои посбонон) воқеъ гардида буданд. Толорҳо кандакорӣ шуда, бо расми гулу меваҳо оро ёфта буданд. Онсуйтари ин биноҳо хонаҳои хизматгорону ҷанговарон, хазинаю анбор ва саисхонаҳои калон воқеъ буданд. Дар тарафи чапи даромадгоҳи асосии қалъа дари хурде буд, ки аз боғ ба толори ҳавлии дарун кушода мешуд. Ҳарамсарои он ҷо дар иҳотаи биноҳои айвондор буда, дар онҳо хизматгорон мезистанд. Қ. Қ. ҳангоми Ҳисорро забт кардани қушунҳои амир (с-ҳои 60 а. 19) тамоман хароб гардид.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …