ҚАБРИСТОНИ ДАШТИ БОДОМАК, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 1—7 им., ки дар мавзеи Дашти Бодомаки назди деҳаи Понғози p-ни Ашт воқеъ аст. Қабристонро ох. а. 19— ибт. а. 20 шарқшинос ва географи рус Н. Г. Маллпцкий кашф кардааст. С-ҳои 1955 ва 1957 ёдгории археологиро бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ Тоҷ. тадқиқ намуданд. Қ. Д. Б. аз 40 қурум иборат аст. Аз қурумҳо скелети одамон, инчунин зарфҳои сафолӣ (дастаи баъзеи онҳо ба шакли ҳайвонҳост), пайконҳои оҳанӣ, сагаки оҳанини камарбанд ва қайроқҳо ёфт шудаанд.
Ад.: Литвинский Б. А., Курганы и курумы Западной Ферганы, М., 1972.
Е. Д. Салтовская.