Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ДАШТИ АШТ

ҚАБРИСТОНИ ДАШТИ АШТ

ҚАБРИСТОНИ ДАШТИ АШТ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 6—7 м., ки дар ҷан. ғарбтари деҳаи Ашти p-ни Ашти вил. Ленииобод воқеъ аст. Дар теппачаи дашти Ашти Калон воқеъ гашта, бештар аз 500 пуштаю қурум дорад. Қ. Д. А.-ро с-ҳои 80 а. 19 шарқшиноси рус Н. И. Веселовский кашф кард. С-ҳои 1957, 1967, 1971—74, 1976 бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. тадқиқ, намуданд. То ҳол 250 пушта тадқиқ гардид, 48-тояш кенотаф (пуштаҳои беқабр) будааст. Пуштаҳо гумбазшакл буда, бо регу шағал пушида шудаанд. Аз қабрҳо корд, сузан, дастбанди оҳанин, гушвора, ангуштарӣ, тугмаи биринҷӣ, сагаки устухонӣ, табақҳои сафолии мунаққаш, маснуоти сафолии чархисохт, тубак, куза, пайкон ва ғ. ба даст омадааст.

Ад.: Салтовсиая Б. 2L, О раскопках могильников Ашт и Дашти Ашт в 1973 г., APT, в. XIII (1973 год), Д., 1977.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …