Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ҚАБОДИЁН

Ноҳияи ҚАБОДИЁН

ҚАБОДИЁН, райони маъмуриест дар ҳайати вил. Қурғонтеппаи РСС Тоҷ. Санаи таъсисаш 7 апр. 1978. Масоҳ. 1S78 км3. Аҳолиаш бештар аз 70 ҳаз. наф. (1986). Район 6 С. к. дорад: Навобод, Носири Хисрав, ба номи Саидназар Худойқулов, Утақаро Назаров, Янгийул ва Қабодиён. Маркази район — пос. Қабодиён.

kabodiyon

Район дар қисми шарқии поёноби д. Кофарниҳон воқеъ гашта, нишебиҳои ҷан. ғарбии силсилакуҳи Оқтоғ (баландиаш то 1750 м), қ-куҳи Хоҷақозиён (то 1636 м), водии ҳамвори Кофарниҳони Поён (баландиаш 350—400 м) ва дар ҷан. шарқ дашти Ойқул ва ҳамвории соҳили рости поёноби д. Вахшро дар бар мегирад. Водии д. Кофарниҳон дар шим. тангу чуқур ва дар ҷан. фароху ҳамвор аст. Нишебии Ғapбии Оқтоғ баҳорон ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Аз сарватҳои зеризаминӣ танҳо масолеҳи бинокорӣ( pег. шағал ва лёсси хиштбоб) мавҷуд аст.

Иқлимм Қ. хушки субтропикист. Ҳарор. миёнаи июль 31,7—31,90, янв. 1,5—3°С. Боришоти солона 157 мм. Қад-қади сарҳади қарбии район д. Кофарниҳон, аз сарҳади ҷан. шарқӣ д. Вахш ва аз сарҳади ҷанубиаш д. Аму ҷорианд. Хоки р-ни % хокистарранги гуногун аст: дар ҳамвори до ва нппюбяп куддо то балаидли 600—700 м хокистарраиги равшан, дар нишобидои болотар аэ 700 м хокистарраиги тира, дар водии дарь-ёдо хокистарраиги равшан ва тиран маргзорй падн шудааст. Хоки заминкой содили рости д. Вахт ал-лювиалию маргзорй, аллювиалию бешагпст. Хоки заминдои назди со-хпли д. Аму бошад, регдор аст. Дар дамвориҳо ва нишебии куҳҳо (то баландии 800 м) растаниҳои биёбонию нимбиёбонӣ, эфемерҳо (геша, ҷорубак, шибоғ, кавар, газ, бодғелак ва ғ.), аз 800 м болотар набототи даштӣ (алафҳои гуногун, буттаҳои вағниҷ, бодомча, муруди хирсак, дарганак, ҷо-ҷо дарахтони олуча, бодоми талхак, арча, заранг) ва дар регзорҳои қисми ҷанубии район саксавул, чузғун, черкез ва ғ. мерӯяд. Дар туғайзорҳои дарьёбоди Кофарниҳон ва Вахш алафҳои ботлоқӣ, най ва сарнай, дарахтони санҷид, туранга, газ ва ғ. вомехуранд. Дар ҷан. шарқи Қ. (соҳили рости д. Вахш) қисми қарбии мамнуъгоҳи Полвонтуғай ҷойгир шудааст.

Асоси иқтисодиёти районро хоҷагии қишлоқи мутараққӣ ташкил медиҳад. Пахтакорӣ, махсусан навъи маҳиннахи он, чорводорӣ, аз ҷумла парвариши гусфандони қароқулӣ, боғу токдорӣ, обчакорӣ, картошкаю сабзавоткорӣ, кирмакдорӣ, кишти ғалла ва зироати хуроки чорво муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии қишлоқи раён мебошанд. С. 1986 дар район 7 к-з ва 1 с-зи пахтакорӣ, 1 с-зи қароқулпарварӣ, 1 с-зи сабзавоткорӣ ва 3 муассисаи байнихоҷагӣ мавҷуд буд. Дар ҳамаи хоҷагиҳои район чорводорӣ, кирмакдорӣ ва паррандапарварӣ ривоҷ ёфтааст.

Майдони умумии кишт 19105 га (1986). Аз ҷумла, заминҳои обёришаванда 19047 га. Аз ҳамин ҳисоб пахтазор 13752 га, аз ҷумла навъи махиннах 10280 га, ғаллазор 450 га, зироати хуроки чорво 4160. га, зироати полизӣ 310 га, картошка 260 га, сабзавот 140 га. Заминҳо асосан аз д. Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Чорводорӣ (гов, бузу гусфанд) ва паррандапарварӣ тараққӣ кардааст.

Корхонаҳои саноатии район: цехи калони нонпазӣ, устохонаи таъмиргарӣ, комб-и хизмати маишӣ, пункти пахтақабулкунӣ.

Соли хониши 1985/86 район 27 мактаби миёна, 13 мактаби 8-сола.

4 мактаби ибтидоӣ ва 13 муассисаи томактабӣ дошт. 28 китобхонаи оммавӣ, 22 муассисаи клубӣ, аз он ҷумла 1 хонаи маданияти маркази район, 3 хонаи маданияти деҳот, 11 клуб ва 15 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ ҳаст. Дар 2 касалхонаи районӣ, 2 беморхонаи участкавӣ, 2 консултацияи занона, 2 диспансер (касалиҳои сил ва трахоматозӣ), 1 поликлиника, 31 пункти тиббӣ, 8 дорухона, 1 ст. санитарию эпидемиологи ва 2 поликлиникаи бачагона қариб 60 наф. духтурони маълумоти олидор ва бештар аз 200 наф. кормандони дорои маълумоти миёнаи махсуси тибби кор мекунанд.

Аз ҳудуди район р. о.-и Тирмиз — Қурғонтеппа мегузарад. Қ. бо маркази вилоят — ш. Қурғоптеппа ва диг. шаҳрҳои республика ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ (аэропорт дар птш Шаҳртуз) робита дорад.

Газетаи районӣ — «Шараф» (аз 1932 ин ҷониб нашр мешавад).

  1. Абдураҳимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …