Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЮНОНА

ЮНОНА

juno

ЮНОНА (Juno), сайёраи хурди 3-ро номанд, ки с. 1804 астрономи немис К. Гандинг кашф намудааст. Масофаи Ю. то Офтоб ба ҳисоби миёна 2,64 в. а. аст. Тамоюли мадораш ба эклиптика 13,0°, эксцентриситеташ 0,256, қадри ситоравиаш 8,7 аст. Ю.— яке аз 4 сайёраи муниртарин ва калонтарин сайёраҳои хурд буда, диаметри он тақр. 225 км мебошад. Ю. аз ҷумлаи 10 сайёраи хурдест, ки мавқеашон дақиқ мушоҳида карда мешавад. Аз рӯи ин мушоҳидаҳо мавқеи нуқтаи эътидоли баҳорӣ муайян хоҳад шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …