Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ҷек Лондон

Ҷек Лондон

ЛОНДОН (London) Ҷек (12.1.1876, Сан-Франциско — 22. 11. 1916, Глен- Эллен), нависандаи америкоӣ. Соли 1895 ба Партияи сотсналистии коргарии ШМА дохил шуд. Солҳои 1901—16 аъзои Партияи сотсиалистии ШМА буд. Соли 1899 ба нашри ҳикояҳои дар мавзӯи Шимол cap кард, ки он ҳикояҳо дар мачмҳои «Бачаи гург» (1900), «Ху­дои падарони ӯ» (1901), «Фарзандони сармо» (1902) ба табъ расидаанд. Романи «Духтари барфҳо» (1902) ва повестҳои бисьёр хубе аз рӯзгори ҳайвонот: «Даъвати ниёгон» (1903) ва «Дандонсафед» (1906) аз ҷиҳати мавзӯъ давоми он ҳикояҳо мебошанд.

Ҷек ЛондонЛондон дар ҳикояҳои мавзӯи Шимол табиати поку беолоишро бар тамаддуне, ки зодаи ҷамъияти буржуазист, муқобил мегузорад. Қаҳрамонони мусбати ҳикояҳои шимолии Лондон иродаи қавӣ ва муҳаббати пок доранд. Пас аз шиносоии Лондон бо романи M, Горький «Фома Гордеев» дар эҷодиёти ӯ масъалаи ҳимояи мязлумон торофт бештар  мавқеъ мегирад. Таъсири М. Горький, махсусан, дар романи «Миртин Иден» (1909), ки дар шароит паст гардидани рӯҳии революционӣ ва авҷи иртиҷоъ дар ШМА навишта шудааст, равшан ба назар мерасад.

Лондон тиъкид менамояд, ки нависанда ба тасвири ҳақиқати «дурушт»-и зиндагӣ ҳуқуқ дошта, ба ҳаёт  фаъолона дахолат карда метавонад. Пас аз соли 1910 Лондон аз фаъолияти сиёсӣ даст кашид. Дар охири умри Мартини социалист» коргари IIIМА баромад. Нависандаи мубориз ва навовар Лондон барои татбиқи анъанаҳои реалистӣ дар адабиё­ти муосири Aмерика кӯшиш зиёде кардааст. Лондон яке аз асосгузорони адабиёти пролотарӣ дар Ғарб буда, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Аз таълифоти Лондон бо унвони «Дар талоши ҳаёт» (1037), маҷм. ҳикояҳо ва китобе бо номи «Гург» (1940) ва ғ. ба тоҷикӣ нашр шудааст.

Оо.: Дар талоши ҳаёт, Сталинобод. 1958; Мартин Иден, Д., 1081; Собр. соч. т. 1 — 14, М.. ИМИ. Ад,: Джек Лондон. Биобнблографический укаватель, м., 1009.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …