Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРДЁН Жан

ШАРДЁН Жан

jean-chardin

ШАРДЁН Жан (1643—1713), сайёҳи франсавӣ. С-ҳои 1664—77 ду бор ба кишварҳои Шарқ (асосан ба Эрон) сафар кардааст. Асарҳои Шардён бо унвони «Саёҳатҳои ҷаноби Шарден ба Форс ва дигар кпшвардои Шарқ» (10 ҷилд) с. 1723 дар Руан пас аз маргаш нашр шудаанд. Шардён дар асарҳояш роҷоеъ ба сохти дав-латдорӣ, маданияту адабиёт, илм, дин, урфу одати мардумони кишварҳои исломии Шарқ, махсусан тамаддуни халқҳои эронинажод ҳикоятҳо кардааст. Андешаҳои Шардён оид ба пайдоиши масал ва эътирофи он, ки ин жанри бадеӣ ба Юнон аз адабиёти Шарқ гузаштааст, ҷолиби диққатанд. Зиёда аз 60 саҳ. ҷ. 5-уми асарҳои уро масалҳои Луқмони Ҳаким ташкил меднҳанд, ки худаш ба забони франсавӣ тарҷума кардааст. Аз ҳикматҳои Саъдӣ низ чанд намуна овардааст. Шардён тарҷумаи як ғазали Ҳофизро дар китобaш ҷой додааст ва ба ин васила ӯ аввалин тарҷумони Ҳофиз ба забони франсавӣ ба шумор меравад. Саҳми Шардён дар дохил кардани образҳои шарқӣ ба адабиёти маорифпарварии франсавӣ бузург аст.

Ш. Mухтop.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …