Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи СИСИЛИЯ

Ҷазираи СИСИЛИЯ

sisiliya

СИСИЛИЯ , калонтарин ҷазираест дар баҳри Миёназамин, дар ҳайати Италия. Масоҳаташ 25,7 ҳазор км2. Дар ҷануби нимҷазираи Апеннин воқеъ гашта, аз он ба воситаи гул. Мессина (ҷои камбараш 3,5 км) ҷудо шудааст. Релефи Сисилия асосан аз кӯҳу теппаҳо иборат аст. Дар қисми шарқии ҷазира вулқони калонтарини Европа — Этна (3340 м) ҷой гирифтааст. Як қатор вулқонҳои хомӯшшуда низ мавҷуданд. Дар соҳилҳои шарқӣ ва ғарбиаш ҳамвориҳои хурд дида мешаванд. Серзилзила. Конҳои сулфур, нефт, газ ва ғайра дорад.

Растаниҳои ситрусӣ, зайтуязнзорҳо ва токзорҳо мавҷуданд. Шаҳрҳои калониаш: Палермо, Мессина, Каталия.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …